Раиси палатаи болоии парлумони Озарбойҷон ба Тоҷикистон омад

Сентябрь 11, 2022 13:48

ДУШАНБЕ, 11.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз Раиси Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Соҳиба Ғаффорова ва ҳайати парлумонии ин кишвар ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ вориди шаҳри Душанбе гардид.

Тавре дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳайати парлумонии Озарбойҷонро муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон, муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Зимни сафари худ Раиси Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Соҳиба Ғаффорова бо шахсони воломақоми Тоҷикистон мулоқот хоҳад кард.

АКС: Маҷлиси миллии МО ҶТ/АМИТ «Ховар»

 

Сентябрь 11, 2022 13:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати 29-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиш баргузор гардид
Рушди муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Беларус баррасӣ гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ созишномаи сармоягузорӣ ба тасвиб расид
ҚОНУН «ДАР БОРАИ АВФ». Санади 18-уми башардӯстонае мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо намудаанд
Форуми XI байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Тоҷикистон ҷамъбаст шуд
Файзалӣ Идизода бо иштирокдорони Форуми «Кӯдакони Иттиҳод» мулоқот намуд
Дар Боку ҷаласаи Шурои Ассамблеяи парламентии Осиёӣ (APA) баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Кумитаи доимии масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии Ассамблеяи парламентии Осиё баргузор мегардад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Сафири Арабистони Саудӣ Холид ибни Абдуллоҳ аш-Шамронӣ вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода бо Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе мулоқот намуд