Раймундус Кароблис Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон таъйин шуд

Сентябрь 7, 2022 08:21

ДУШАНБЕ, 07.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 6 сентябр муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода нусхаи эътимодномаи Роҳбари навтаъйини Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раймундус Кароблисро қабул кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо перомуни муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ, инчунин густариши ҳамкории минтақавӣ табодули афкор намуданд.

Муовини Вазири корҳои хориҷӣ роҳбари нави Намояндагиро ба муносибати ба ин вазифа таъйин шуданаш табрик намуда, ҷиҳати пешбурди рисолати дипломатияш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон комёбиҳо таманно намуд.

Ёдовар мешавем, ки Раймундус Кароблис дар ин маснад Мэрилин Йосефсонро иваз намуд.

Акс: ВКХ ҶТ

Сентябрь 7, 2022 08:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ню-Йорк натиҷаҳои Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба об дар Душанбе муаррифӣ шуданд
Дар Масқат рушди ҳамкории Тоҷикистону Умон дар соҳаҳои гуногун баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари Раёсати Осиё ва Уқёнуси Ороми Вазорати корҳои хориҷии Олмон мулоқот намуд
Қатъномаи СММ оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» дар Вена муаррифӣ гардид
Cафири нави Муғулистон дар Тоҷикистон нусхаи эътимоднома супорид
Дар Ашқобод доир ба аҳамияти қабули қатъномаи СММ оид ба Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ нишасти матбуотӣ баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Дакка машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Бангладеш баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Русия бо Дабири кулли Созмони байналмилалии забони русӣ мулоқот намуд
Ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон барои таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда аҳамияти ҳуқуқӣ ва сиёсии хос дорад
Густариши ҳамкории Тоҷикистону Бангладеш дар соҳаҳои гуногун баррасӣ шуд
Натиҷаҳои Конфронси чоруми оби Душанбе дар ҷаласаи ЭСКАТО муаррифӣ гардиданд