Роҳи дараи Алмосии Ҳисор то шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода таъмир мегардад
ДУШАНБЕ, 06.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 5 сентябр Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар дар доираи сафари корӣ дар Ҷамоати деҳоти Алмосӣ бо ҳолати роҳҳои дараи Алмосӣ, ки аз ҳудуди Ҷамоати деҳоти Сомон ва Хонақоҳи Кӯҳӣ гузашта, беш аз 60 ҳазор аҳолӣ дорад, шинос гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор.
Бо сабаби мушкилот ва дастрас гардидани маблағ роҳсозони Муассисаи нигоҳдории роҳҳои нақлиёти автомобилӣ дар ҳудуди деҳаи Тутака ба таъмири роҳе, ки бар асари селбориши пайдарпайи имсола зарар дидааст, оғоз намуданд. Раиси шаҳр Қосим Роҳбар аз ин мавзеъ боздид намуда, бо сокинони деҳа дар корҳои мумфаршкунӣ иштирок карда, баъд аз хобонидани ҳиссаҳои аввалини асфалт ба роҳсозон ҷиҳати бо сифати баланд ва дар муҳлати пешбинишуда ба анҷом расонидани таъмир то шаҳроҳи Душанбе-Турсунзода дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Тибқи иттилои муовини Раиси шаҳри Ҳисор Аҳмадҷон Исматуллозода, роҳҳои маҳаллӣ дар шаҳр 176 километрро ташкил дода, бо сабаби кӯҳнаву фарсуда будани онҳо, таъсири омилҳои табиӣ, гаштугузор кардани нақлиёти гаронвазн ҳамасола қариб 80-90 километри онҳо вайрону таъмирталаб мегарданд.
Соли равон дар шаҳр беш аз 30 км роҳ таъмир гардида, тибқи нақша таъмири боз 20 км роҳ, аз ҷумла 12 километр дар дараи Алмосӣ дар назар дошта шудааст. Ҳамчунин аҳолӣ ва соҳибкорон тасмим гирифтаанд рӯзҳои наздик дар ҳудуди деҳаҳои Чуқурак, Обигармӣ ва Лолагии деҳоти Навобод ба мумфаршкунии якчанд километр роҳ иқдом намоянд. Ҳалли мушкилоти роҳ, об ва барқ дар сархати фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, бахусус таваҷҷуҳи махсуси Раиси шаҳр Қосим Роҳбар қарор дошта, масъулин ба мавсими тирамоҳу зимистони имсола омодагии ҳамаҷониба мегиранд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор










Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст






