Сироҷиддин Муҳриддин 5 сентябр дар Москва бо Сергей Лавров мулоқот менамояд

Сентябрь 1, 2022 11:36

ДУШАНБЕ, 01.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин 5 сентябр ба Москва сафар намуда, бо Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров мулоқот хоҳад кард. Дар ин бора дирӯз дар брифинг сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова хабар дод.

«5 сентябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари расмӣ ба кишвари мо ташриф меорад. Қарор аст ӯ бо Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров мулоқот намояд. Ин мулоқот дар остонаи ҷашни миллии Тоҷикистон — Рӯзи истиқлолият баргузор мегардад. Ёдовар мешавам, ки он 9 сентябр таҷлил мегардад», — гуфт Мария Захарова.

Ба гуфтаи Захарова, дар ин музокирот ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ, мудофиа, амният, сиёсати муҳоҷират, омодасозии кадрҳо, тадбирҳои муштарак дар заминаи амнияти биологӣ, аз ҷумла мушкилоти эпидемиологӣ ва амнияти иттилоотӣ таваҷҷуҳи хоса дода мешавад.

Дипломат таъкид кард, ки вазирон бояд иҷрои тавофуқҳоеро, ки дар мулоқотҳои ахири Президентҳои Русия ва Тоҷикистон ҳосил шуда буданд, баррасӣ кунанд.

«Оид ба масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла вазъи Афғонистон табодули афкор сурат хоҳад гирифт. Дар доираи сафар ба имзо расидани барномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳои мо барои солҳои 2022-2023 дар назар аст», — афзуд Захарова.

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 1, 2022 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди байналмилалии алоқа дар соҳаи технологияҳои рақамӣ густариш меёбад
Иҷлосияи шастуми Комиссияи СММ оид ба аҳолӣ ва рушд таҳти раёсати Тоҷикистон мегузарад
Дастовардҳои Тоҷикистон дар рушди сайёҳии экологӣ дар Боку муаррифӣ гардид
Тоҷикистон ҳамоҳангсози Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ интихоб гардид
Сафири Тоҷикистон бо намояндагони ширкати нассоҷии швейтсарии Rieter AG мулоқот намуд
Сафари расмии Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид
Дар Душанбе мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Гурҷистон доир гардид
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Гурҷистон
Музокироти расмии Тоҷикистону Гурҷистон баргузор шуд
Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе дар пояи муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Идибек Қаландар бо намояндаи махсуси Раиси САҲА оид ба пешбурди муколама ва таҳкими эътимод мулоқот намуд