Соҳибкорони вилояти Хатлон бо фаъолияти Минтақаи муташаккили саноатӣ Газиантепи Туркия шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 13.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 11 сентябр ҳайати ҳукуматию тиҷоратии вилояти Хатлон таҳти роҳбарии Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба Ҷумҳурии Туркия сафар намуд. Ҳадафи ин сафар ба роҳ мондани ҳамкории судманд, густариш додани муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо минтақаю шаҳрҳои Газиантеп, Қаҳраманмараш, Бурса ва Истанбул мебошад, ки он то 18 сентябр идома меёбад. Гурўҳи мазкур бо фаъолияти Минтақаи муташаккили саноатии Газиантепи Ҷумҳурии Туркия аз наздик шинос шуд.
Тавре аз шуъбаи иттилоотӣ ва таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар доираи сафар мулоқоти Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва гурӯҳи соҳибкорони вилояти Хатлон дар шаҳри Газиантепи Туркия бо маъмурияти Минтақаи муташаккили саноатии Газиантеп доир гардид.
Зимни мулоқот намояндаи Минтақаи муташаккили саноатии Газиантеп оид ба фаъолият ва дурнамои минтақа маълумот дод. Зикр гардид, ки дар Газиантеп 6 минтақаи муташаккили саноатӣ мавҷуд буда, масоҳати 4,5 ҳазор гектарро дар бар мегирад. Дар беш аз 1000 ширкати истеҳсолие, ки дар ҳудуди ин минтақаҳои саноатӣ фаъолият доранд, 250 ҳазор нафар кор мекунанд.
Ноиби президенти Минтақаи муташаккили саноатии Газиантеп Умар Ҷинҷикчи афзуд, ки феълан дар Минтақаи мазкур то 30 ширкати хориҷӣ, аз ҷумла аз Сурия, Амороти Муттаҳидаи Араб ва кишварҳои Балтик фаъолият доранд.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар мулоқот бо масъулини ММС ва соҳибкорони Газиантеп зикр кард, ки солҳои тулонист Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Туркия муносибати дӯстона ва ҳамкории зич дорад, ки дар асоси принсипҳои эҳтироми якдигар, эътимод, ҳамдигарфаҳмӣ ва ба назар гирифтани манфиатҳои тарафайн бунёд шудаанд.
Айни замон бештар аз 100 ширкати сармоягузории Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти босамар доранд ва ҳаҷми сармоягузорӣ ҳамасола рӯ ба афзоиш дорад.
Қурбон Ҳакимзода ҳамчунин доир ба зарфиятҳои иқтисодии вилояти Хатлон ва самтҳои асосии сармоягузорӣ маълумот дода, иброз дошт, ки барои бунёди корхонаҳои муштарак ва тақвияти ҳамкорӣ дар вилоят захираҳои зиёди ашёи хом ва имконияту иқтидорҳои зарурӣ мавҷуд мебошад.
«Сафари мо ба Ҷумҳурии Туркия баҳри дарёфти ҳамкории судманд дар соҳаҳои комплекси агросаноатӣ, аз ҷумла растанипарварию чорводорӣ, коркарди гӯшту шир, меваю сабзавот, коркарди гиёҳҳои шифобахш ва истеҳсоли доруворӣ, тақвияти ҳунармандӣ ва инчунин ба роҳ мондани алоқаи мустақим байни корхонаҳои саноати сабук, аз ҷумла, ресандагӣ, бофандагӣ, рангубор ва дӯзандагӣ, пойафзолбарорию маҳсулот аз чарм, ташкил ва таъмини фаъолияти босамари минтақаҳои саноатии ба содиротнигаронидашуда равона гардидааст»,- афзуд Раиси вилояти Хатлон.
Дар идомаи мулоқот миёни масъулини вилояти Хатлон ва Минтақаи муташаккили саноатии Газиантеп, инчунин доираҳои тиҷоратии ҳар ду ҷониб вобаста ба дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ, рушди саноати сабук ва хӯрокворӣ, ҳунармандӣ, имкониятҳо барои роҳандозии ҳамкориҳои тиҷоратӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак ва ҷалби сармояи туркӣ ба иқтисоди вилояти Хатлон мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дар интиҳои мулоқот раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода ва ноиби президенти Минтақаи муташаккили саноатии Газиантеп Умар Ҷинҷикчи санади ҳамкориро оид рушди равобити иқтисодию тиҷоратӣ, баррасии имконияти сармоягузорӣ ва таъсиси корхонаҳои муштараки саноати сабук ба имзо расониданд.
Ҳамчунин санади ҳамкорӣ миёни роҳбари Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» Илҳом Камол ва ноиби президенти ММС-и Газиантеп Умар Ҷинҷикчи ба имзо расида, аз ҳайати музофоти Газиантеп, аз ҷумла ММС-и Газиантеп даъват карда шуд, ки соли оянда ба Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» ташриф биоранд.
Пас аз мулоқот бо роҳбарияти ММС-и Газиантеп гурӯҳи соҳибкорони вилояти Хатлон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолию саноатии ин минтақа шинос шуданд.
АКС: Мақомоти иҷоияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








Дар Душанбе масъалаҳои идоракунии муосири таваккал дар фаъолияти гумрукӣ баррасӣ шуданд
Масоили табодули таҷриба ва омӯзиши мутахассисони тоҷик дар озмоишгоҳҳои Институти байтории Италия баррасӣ гардид
Байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Русия Протокол ба имзо расонида шуд
Дар Минск масъалаҳои рушди ҳамкории геологӣ дар доираи ИДМ баррасӣ гардиданд
Дар вилояти Суғд ҳар сол қариб дар 35 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида мешавад
Густариши робитаҳои мустақими соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид
Рушди робитаҳои тиҷоратию сармоягузории бахши хусусӣ байни Тоҷикистон ва Чин баррасӣ карда шуд
Дурнамои ҳамкорӣ байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Полша баррасӣ гардид
Масоили соҳаи роҳсозӣ ва роҳдорӣ дар Осиёи Марказӣ дар Конфронси панҷуми байналмилалии CARS-2026 дар Душанбе баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти тафтиши андозии кишварҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
«Shohin Airlines» як ҳавопаймои навъи L-410-ро вориди парки ҳавопаймоҳояш намуд
Дар Брест ҷаласаи 83-юми Шурои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои ИДМ баргузор гардид






