ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 сентябр, шанбе, 260-умин рӯзи соли 2022 аст

Сентябрь 17, 2022 08:00

17 сентябри соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таҳрири нав ба имзо расониданд.

***

9 cол пеш, 17 сентябри соли 2013 дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон кӯдакистони Президентӣ барои кӯдакони болаёқат ба истифода дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати мамлакат Конференсияи байналмилалӣ  бахшида ба 20-солагии таъсиси Суди  конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар мавзӯи «Адолати суди конститутсионӣ- кафолати таъмини волоияти Конститутсия» баргузор гардид.

17 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Ангола – Рӯзи қаҳрамонон.

***

Дар Украина – Рӯзи кормандони мудофиаи гражданӣ.

***

Дар ИМА – Рӯзи Конститутсия.

РӮЙДОДҲО:

17 сентябри соли 2009 дар шаҳри Душанбе конференсияи  байналмилалии «Молия барои рушди авиатсия» баргузор гардид.

***

17 сентябри соли 2010 Ҳафтаи Германия дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.

***

9 сол пеш, 17 сентябри соли 2013 дар Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ба итмом расидани марҳилаи аввали амалишавии лоиҳаи «Шаҳри бехатар» нишасти матбуотӣ доир шуд.

***

17 сентябри соли 2016 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ  76-умин мавсими театрӣ ифтитоҳ ёфт.

***

17 сентябри соли 1918 дар Испания клуби футболи «Валенсия» ташкил гардидааст.

***

17 сентябри соли 1991 Латвия, Литва, Эстония, Кореяи Шимолӣ ва Ҷанубӣ аъзои СММ шуданд.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1922 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия аввалин консерти радиоӣ баргузор гардидааст. Дар ин рӯз аввалин маротиба калимаҳои «Гӯш кунед! Москва гап мезанад!» садо доданд.

Сентябрь 17, 2022 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 декабр, панҷшанбе, 342-юмин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 декабр, чоршанбе, 341-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 декабр, сешанбе, 340-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 декабр, душанбе, 339-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 декабр, якшанбе, 338-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 декабр, шанбе, 337-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 2 декабр, ҷумъа, 336-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 декабр, панҷшанбе, 335-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 ноябр, чоршанбе, 334-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 ноябр, сешанбе, 333-юмин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 ноябр, душанбе, 332-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 ноябр, якшанбе, 331-умин рӯзи соли 2022 аст