Тоҷикистон ва Нидерланд бахшида ба Конфронси оби СММ-2023 дар Ню-Йорк мизи мудаввари сатҳи баланд доир намуданд

Сентябрь 24, 2022 16:30

ДУШАНБЕ, 24.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 23 сентябр мизбонони Конфронси оби СММ-2023 Тоҷикистон ва Нидерланд дар доираи «Ҳафтаи сатҳи баланд»-и Маҷмаи Умумии СММ мизи мудаввари сатҳи баландро бахшида ба Конфронси мазкурро баргузор намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

«Дар он доир ба омодагӣ ба Конфронс ва амалҳои минбаъда дар доираи Рӯзномаи амал оид ба об табодули афкор сурат гирифт»,- таъкид намуданд дар ВКХ Тоҷикистон.

Мизи мудаввар бо суханронии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Сарвазири Шоҳигарии Нидерланд Марк Рутте ифтитоҳ гардида, дар он муовини якуми Дабири кулли СММ, сарвазирони кишварҳои Мозамбик, Ҳаити, ноиби Президенти Уганда, вазирони корҳои хориҷии Финляндия ва Бангладеш, вазири рушди иқтисоди Миср, вазири савдои хориҷӣ ва рушди ҳамкории Шоҳигарии Нидерланд иштирок ва суханронӣ намуданд.


Сироҷиддин Муҳриддин дар суханронии хеш аҳаммияти Конфронси соли 2023-ро барои татбиқи «Рӯзномаи 2030»-и СММ оид ба рушди устувор таъкид карда, аз роҳбарони кишварҳо даъват ба амал овард, ки ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафу вазифаҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» тадбирҳои мушаххас андешанд.

Ёдовар мешавем, ки Конфронси оби СММ-2023 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк таҳти ҳамраисии Тоҷикистон ва Нидерланд доир мегардад.

Акс: ВКХ ҶТ

Сентябрь 24, 2022 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди байналмилалии алоқа дар соҳаи технологияҳои рақамӣ густариш меёбад
Иҷлосияи шастуми Комиссияи СММ оид ба аҳолӣ ва рушд таҳти раёсати Тоҷикистон мегузарад
Дастовардҳои Тоҷикистон дар рушди сайёҳии экологӣ дар Боку муаррифӣ гардид
Тоҷикистон ҳамоҳангсози Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ интихоб гардид
Сафири Тоҷикистон бо намояндагони ширкати нассоҷии швейтсарии Rieter AG мулоқот намуд
Сафари расмии Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид
Дар Душанбе мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Гурҷистон доир гардид
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Гурҷистон
Музокироти расмии Тоҷикистону Гурҷистон баргузор шуд
Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе дар пояи муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Идибек Қаландар бо намояндаи махсуси Раиси САҲА оид ба пешбурди муколама ва таҳкими эътимод мулоқот намуд