5 нафар аз Тоҷикистон тариқи грант ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» дохил шуданд

Октябрь 20, 2022 10:30

ДУШАНБЕ, 20.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз Тоҷикистон 5 нафар тариқи грант ба зинаи магистратураи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим»-и Узбекистон  ба таҳсил фаро гирифта шуданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Гранти мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкории муштарак бо Ҷумҳурии Узбекистон дар соҳаи сайёҳӣ ҷудо гардид. Довталабон дар зинаи магистратураи донишгоҳи мазкур як сол таҳсил мекунанд.

Яке аз ҳадафҳои олии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар самти тақвияти неруи инсонӣ дар соҳаи сайёҳии мамлакат, бахусус таъмини кадрҳои баландихтисоси ҳайати идоракунӣ ва хизматрасонӣ- ин ташкили омӯзиши таҷрибаи хориҷӣ, такмили ихтисос ва омода кардани кадрҳо дар хориҷи кишвар мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи яке аз паёмҳояшон ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, ки «бо мақсади рақобатпазир гардонидани соҳа дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ моро зарур аст, ки мутахассисони забондон, донандаи фарҳангу таърих ва технологияҳои муосир омода кунем, кормандони ширкатҳои сайёҳӣ, роҳбаладҳо, тарҷумонҳо ва дигар мутахассисони соҳаро мутобиқ ба талаботи бозори сайёҳӣ ба воя расонем».

Рушди сайёҳӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисос дар ин самт ба пешрафти иқтисоди миллии кишвар такони ҷиддӣ бахшида, шумораи сайёҳонро ба мамлакат зиёд менамояд ва дар таъсиси ҷойҳои корӣ имконияти бештар фароҳам меорад.

Дар тамоми ҷаҳон ба тайёр кардани кадрҳо барои тиҷорати сайёҳӣ диққати ҷиддӣ равона мегардад. Зеро барои тиҷорати сайёҳӣ кадрҳои соҳибихтисос хеле муҳиманд.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди ҲҶТ

Октябрь 20, 2022 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд