БОЗИҲОИ ДЕЛФӢ. Муовини Вазири фарҳанги Тоҷикистон бо директори Кумитаи байналмилалии Делфӣ мулоқот намуд

Октябрь 13, 2022 15:00

ДУШАНБЕ, 13.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 12 октябр дар шаҳри Душанбе муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Шарифзода бо директори Кумитаи байналмилалии Делфӣ Владимир Понявин мулоқот намуд. Дар вохўрӣ  корҳои омодагӣ ба Бозиҳои 16-уми Делфии ҷавонони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки бори аввал дар Тоҷикистон  баргузор мешавад, баррасӣ шуданд, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» узви гурӯҳи тадорукоти Бозиҳои Делфӣ дар Тоҷикистон Марям Холиқзода.

Ёдовар мешавем, ки Владимир Понявин то омадани ҳайати асосии Бозиҳо бо ҳайати гурӯҳи кории чорабинӣ корҳои бисёреро ба анҷом мерасонад.

Имрӯз бо иштироки аъзои ситоди корӣ дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ  ҷаласаи омодагӣ ҷараён гирифт. Зимни он зикр гардид, ки Тоҷикистонро дар ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ 160 нафар наврасони боистеъдоди аз 10 то 25-сола муаррифӣ менамоянд.

Ҳайати иштирокдорони Бозиҳо аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳассилини мактабҳои таълимӣ ва санъат, мутахассисони лаёқатманди муассисаҳои фарҳанг ва ҳунари шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон мебошанд.

Дар Бозиҳо иштироки ҳайатҳо аз Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Узбекистон, Озарбойҷон, Арманистон ва  Беларус дар назар аст. Теъдоди умумии иштирокчиён зиёда аз 390 нафарро ташкил медиҳад.

Маросими ифтитоҳи Бозиҳои 16-уми Делфӣ 15 октябр, соати 19:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дар назар аст.

16 октябр ҳайати расмии иштирокчиёни ин ҳамоиш бо Китобхонаи миллии Тоҷикистон шинос гардида, дар конференсияи байналмилалӣ дар мавзӯи «Бистсолаи Бозиҳои Делфии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: таърих ва дурнамо», ки  ба 20-солагии Бозиҳои Делфӣ бахшида мешавад, ширкат меварзанд. Ҳамзамон дар ин рӯз иштирокчиён аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид менамоянд.

17 октябр дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ доир мешавад, ки ҳайати меҳмонон ва иштирокчиён аз он дидан менамояд.

Инчунин шоми ҳамин рӯз, соати 19:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ маросими пӯшидашавии Бозиҳо доир мегардад.

Дар назар аст, ки 18 октябр меҳмонон аз Мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангӣ дар шаҳри Ҳисор дидан намоянд.

АКС: Вазорати фарҳанги ҶТ

Октябрь 13, 2022 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад