Дар Душанбе вобаста ба ҳамкории Иттиҳоди Аврупо бо давлатҳои Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалии илмӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 10.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 7 октябр дар Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Ҳамкории Иттиҳоди Аврупо бо давлатҳои Осиёи Марказӣ» конференсияи байналмилалии илмӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
Конференсия бо ташаббуси шуъбаи Аврупо ва Америкаи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо ва сарпарастии корхонаи ватании Сим-Сим ва Маркази омӯзишии Ёдгир баргузор шуда, дар кори он олимон, коршиносон, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ, ватанӣ ва ҳамзамон олимони хориҷӣ дар мавзӯъҳои мухталифи марбут ба ҳамкории Иттиҳоди Аврупо ва давлатҳои Осиёи Марказӣ сухан намуданд.
Дар суханрониҳо равобити илмиву фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, ҳамкории иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, нақши Созмони амнияти ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар низоми амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ, стратегия ва манфиатҳои геополитикии Иттиҳоди Аврупо ва ИМА дар Осиёи Марказӣ, манфиатҳои геополитикии абарқудратҳои ҷаҳониву минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо вобаста ба масъалаи радикализми сиёсӣ, экстремизми динӣ ва терроризми байналхалқӣ ва дигар мавзӯъҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар конференсия барои дар сатҳи боз ҳам беҳтар рушд ва тақвият ёфтани ҳамкории мутақобилаи Иттиҳоди Аврупо ва давлатҳои Осиёи Марказӣ бо назардошти шаклгирии минбаъдаи раванди муносибатҳои байналмилалӣ пешниҳодҳо ироа гардиданд.
АКС: Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо








Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд






