Дар ноҳияи Шуғнон то моҳи ноябр 24 гармхонаи хурд бунёд мегардад
ДУШАНБЕ, 16.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар Ҷамоати деҳоти Ванқалъа то моҳи ноябри соли равон 24 адад гармхона бунёд менамоянд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон хабар доданд.
Ҷиҳати истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ барои оилаҳои ниёзманди ҷамоати деҳоти мазкур аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ҳамасола миқдори муайяни гармхонаҳои хурд бунёд карда мешаванд.
Соли гузашта барои оилаҳои ниёзманди ҷамоат 25 адад гармхонаҳои хурд сохта, мавриди истифода қарор дода шуданд. Имсол 24 адад гармхонаҳои нав бунёд карда мешаванд.
Сокинони ин ҷамоат заминҳои наздиҳавлигии худро самаранок истифода бурда, дар онҳо барои парвариши сабзавоти барвақтӣ ҳарчӣ бештар гармхонаҳои хурд бунёд ва бо ин роҳ талаботи худро бо сабзавоти тару тоза таъмин менамоянд. Дар ин гармхонаҳо бодиринг, қаланфури булғорӣ ва дигар намуди сабзавот парвариш намуда, ҳосили хуб гирифта мешавад.
Деҳқонону кишоварзони ноҳияи Шуғнон дастуру супоришҳои Сарвари давлатро сармашқи кори худ қарор дода, баҳри рӯёнидани ду — се ҳосил аз як замин аз ҳамаи имконияти мавҷуда истифода менамоянд.
Деҳқон дар фаъолияти хоҷагидорӣ мустақил аст, аз ин рӯ бештар ҳамон зироатеро кишту парвариш мекунад, ки фоидаи хуб диҳад.
Роҳандозии фаъолияти гармхонаҳои хурд ва парвариши зироат дар зери плёнка барои таъмини амнияти озуқаворӣ, истифодаи самараноку оқилонаи замин ва гирифтани чанд ҳосил аз он ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии сокинон мусоидат мекунад.
Таҷриба собит намуд, ки бунёди гармхонаҳои хурд ва оқилона ба роҳ мондани парвариши сабзавот манфиати хуби иқтисодӣ меорад.
АКС: МИҲД ноҳияи Шуғнон








Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид






