Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Россия оид ба футзал дар Душанбе бозии дӯстона доир мекунанд
ДУШАНБЕ, 28.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов, ки аз рӯйи натиҷагирии Ҷоми Осиё-2022 дар Кувайт ба қатори панҷ дастаи беҳтарини чемпионат шомил шуд, бо ноибчемпиони Аврупо – тими миллии футзали Россия ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Вохӯриҳои дӯстона миёни дастаҳои футзали Тоҷикистон ва Россия 7-8 ноябр дар Қасри теннис ва Маҷмааи варзишии обии Душанбе баргузор мешаванд. Бозиҳо соати 20:00 оғоз мегарданд.
Бозиҳои дӯстона
7 ноябр (душанбе)
Оғоз соати 20:00
ТОҶИКИСТОН – Россия
Душанбе, Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ
8 ноябр (сешанбе)
Оғоз соати 20:00
ТОҶИКИСТОН – Россия
Душанбе, Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ
Акс: ФФТ








«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид






