Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Турсунзода ба зимистон омода гардидааст
ТУРСУНЗОДА, 30.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Масъулини Муассисаи давлатии «Хона-интернати пиронсолон ва маъюбон»-и шаҳри Турсунзода ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳо 2022-2023» ба давраи сармо пурра омода гардидаанд.
Муовини директор оид ба хоҷагии «Хона-интернати пиронсолон ва маъюбон»-и шаҳри Турсунзода Фирӯз КАБИРОВ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД гуфт, ки «бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон биноҳои муассиса бо шабакаи ягонаи гармидиҳии буғӣ пайваст карда шудаанд. Дар фасли зимистон ба воситаи ин шабака ҳуҷраҳои бошандагони муассиса бо гармии доимӣ пурра таъмин мешаванд. Аз ин рӯ мувофиқи нақшаи зимистонгузаронӣ 100 тонна ангишти хушсифат ва 60 куб хезуми хушк захира карда шудааст. Ҳамчунин роҳбарияти кони «Фони Яғноб» 27 тонна ангишт кумак намуданд».
Масъулини Хона-интернати пиронсолон ва маъюбон дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат ҳар ваҷаб замини назди муассиса ва хоҷагии ёрирасонро самаранок истифода бурда, аз он ду-се ҳосил ба даст оварданд. Аз ҳисоби ҷамъоварии ҳосили заминҳои муассиса барои зимистонгузаронии бошандагон 6 тонна гандум, 2,5 тонна биринҷ, 120 кг сирпиёз, 300 кг лубиёгӣ, 220 кг мош, 1100 зарфи шишагӣ нӯшоба, 220 зарфи шишагӣ шакароб, 110 зарфи шишагӣ бодиринги шӯр ва 150 зарфи шишагӣ қайлаи помидор захира намудаанд. Дар айни замон дар заминҳои хоҷагии ёрирасони муассиса лаблабу, турб, шалғам, сабзӣ, карам, сирпиёз мавҷуданд, ки аз онҳо барои хӯроки бошандагон самаранок истифода менамоянд.
Ба гуфтаи масъулини Хона-интернати пиронсолон ва маъюбон, дар ин муассиса 11 адад чорвои шохдори калон парвариш меёбад, ки ҳамарӯза аз онҳо 25-30 литр шир ҷӯшида, барои истиқоматкунандагони муассиса хӯрок омода менамоянд.
Бо заҳматҳои шабонарӯзии кормандон дар заминҳои назди муассиса гармхона сохта шудааст, ки дар он дарахти лимӯ парвариш меёбад. Хушбахтона, бо мусоид омадани боду ҳаво ва сари вақт додани обу ғизо имсол ҳосили баланди лимӯ ба даст оварда шуд, ки пиронсолону маъюбон аз он истифода менамоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»











Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд






