«ХУШО, КИ БОРИ ДИГАР ҶАШНИ МЕҲРГОН ОМАД…». Он воқеан ҳам иди мардумист

Октябрь 15, 2022 09:23

ДУШАНБЕ, 15.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон 13 сол инҷониб якшанбеи сеюми моҳи октябр Иди Меҳргон таҷлил карда мешавад. Имсол ин ҷашни ниёгон ба 16 октябр рост омадааст. Ҳамасола Меҳргон дар тамоми гӯшаву канори мамлакат бо баргузории барномаи фарҳангӣ ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ доир мегардад. Меҳргон яке аз идҳои қадимии мардуми ориёинажод буда, маҳз ба туфайли соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз нав эҳё карда шуд. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» дар қатори дигар ҷашну идҳо Меҳргон ҳамчун иди миллии кишвар шинохта шудааст.

Меҳргон дар қатори Садаю Наврӯзу Тиргон яке аз ҳалқаҳоест дар силсилаидҳои марбут ба тамаддуни кишоварзии аҷдодонамон, ки онро деҳқонон дар давраи баробарии шабу рӯз дар тирамоҳ барои ҷамъбасти ҳосили бо ранҷ парваридаи хеш таҷлил менамоянд.  Меҳргон аз дигар ҷашнҳои миллӣ бо суннату анъанаҳои хеш фарқ мекунад. Котиби илмии Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Ёқубҷон Уроқов бархе суннатҳои ин ҷашнро чунин шарҳ дод:

Ҷашни Меҳргон ҷамъбасти тобистону тирамоҳ, оғози фасли зимистон, ҷашни ҷамъоварии ҳосил, муайян намудани маҳсули яксолаи заҳмати мардум, натиҷаи даврони хушкию офтобӣ ва ҳосилзамкунӣ мебошад. Ба ин хотир  дар рӯзи баргузории ин ҷашн мардум либоси нав, ки ранги арғувонӣ дорад, ба бар мекунанду шодиву хурсандӣ менамоянд. Дар болои хони меҳргонӣ шарбат, гулоб, ширинӣ, сабзавот, анор, себ, ангур ва гулҳои рангоранг мегузоранд. Гузоштани чанд сиккаи нуқра, санҷиду бодому писта ва дар зарфе оби хушбӯи овшинро риоя менамоянд. Дар атрофи хон шамъҳоро фурӯзон ва дар зарфе испанд дуд мекунанд.

Агар дар ин рӯз тифле ба дунё ояд, номе бар ӯ мегузоранд, ки вожаи «меҳр» дар он бошад: Меҳрдод, Меҳрноз, Меҳрангез, Меҳрбону, Меҳрваш, Меҳрдухт, Меҳрон, Меҳрубон, Меҳроб…

Истиқлолияти комили давлатии Тоҷикистон барои эҳёи расму оинҳои миллӣ, аз ҷумла Меҳргон марҳалаи тоза боз намуд. Маҳз бо ташаббус ва талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Меҳргон дар ҷумҳурӣ ҳамчун иди миллӣ, табиӣ, файзу баракат, фаровонӣ аз нав эҳё гардида, ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомати ба худ хос дар сар то сари кишвари соҳибистиқлоламон ҷашн гирифта мешавад.

Пайдоиш ва густаришу бузургдошти ҷашни Меҳргонро мутафаккирони барҷастаи  Шарқу Ғарб дар осори худ васф намудаанд. Тибқи навиштаҳои онон, Меҳргон ҷашнест, ки покизагию фаровонҳосилӣ, ризқу рӯзии мардум, хони пурнозу неъмат, қаноатмандию нишотро бо худ меоварад ва он шукӯҳу ҷалоли дурахшони ниёгони мост. Дар осори бузургони илму фарҳанги ниёгонамон Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абӯрайҳони Берунию Умари Хайём, Фаррухию Унсурӣ оид ба Меҳргон навиштаҳои гаронбаҳое мавҷуданд, ки бо камоли эҳтиром ва гарму ҷӯшон оид ба расму оин, шукӯҳу шаҳомат ва иззату шуҳрати он маълумоти арзишманд медиҳанд.

Меҳргон воқеан ҳам ҷашни  мардумӣ буда,   маҳбубияти он  аз замонҳои бостон то рӯзгори мо  расидааст. Шоири ҷавон Рустами Аҷамӣ  онро чунин васф намудааст:

Ба боми хонаи мо меҳри хусравон омад,
Фурӯғи хотираи аҳди бостон омад.
Ҷамоли мо шуда равшан зи меҳри тобонаш,
Хушо, ки бори дигар ҷашни Меҳргон омад.

Ба таъкиди Роҳбари давлат, баргузории чунин ҷашнҳо танҳо ба хотири ид нест, балки таҷлили ҳар гуна ҷашну санаҳои муҳим дар зиндагӣ бояд моро ба андеша ва хулосабарорӣ барои оянда таҳрик диҳад. Аз он ки дар пеш фасли зимистон аст, барои фароҳам овардани захираи маводи ғизоии мавриди зарурат аз ҳоло тайёрӣ ва омодагӣ доштани мо ба мақсад мувофиқ мебошад. Бинобар ин, амалӣ гардонидани чорабиниҳои мунтазам оид ба беҳтар намудани вазъи соҳаи кишоварзӣ, роҳи ҳалли мушкилот ва таъмини рушди устувори он ба хотири расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллиамон – таъмини амнияти озуқаворӣ ва муҳимтар аз ҳама, худкифоя шудани Тоҷикистон аз лиҳози таъмини маводи ғизоӣ вазифаи аввалиндараҷаи олимону мутахассисони бахши кишоварзӣ ба шумор меравад.

АКС аз манбаъҳои боз ва АМИТ «Ховар»

Октябрь 15, 2022 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд