Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон оғоз мегарданд

Октябрь 31, 2022 10:43

ДУШАНБЕ, 31.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, соати 17:00 дар  Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мешавад, ки бо баргузории барномаҳои фарҳангӣ то  6 ноябр идома меёбад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанги мамлакат.

Тибқи барнома, имрӯз пеш аз оғози маросими Рӯзҳои фарҳангӣ мулоқоти Вазири фарҳанги мамлакат ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати расмии рӯзҳо ва Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадмеҳдӣ Исмоилӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Шумораи умумии иштирокчиёни Рӯзҳои фарҳангӣ зиёда аз 60 нафарро ташкил медиҳад.

Дар назар аст, ки дар доираи баргузории рӯзҳо намоиши ҳунарҳои мардумии ин сарзамин дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон,  маҳфили «Шоҳномахонӣ» ва гурӯҳи мусиқии «Пож», «Сурӯши Мавлоно» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, намоиши филмҳои эронӣ дар Кохи Наврӯз ва кинотеатри Ватан, маҳфили адабӣ бо иштироки шоирони Эрону Тоҷикистон ва гурӯҳи ҳунарии «Варзишгарони зӯрхонаӣ» дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор шаванд.

Инчунин 3-4 ноябр Рӯзҳои фарҳангии Эрон бо иштироки  ҳайати меҳмонон дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб идома меёбанд.

Ҳайати меҳмонон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Кохи Наврӯз, Маҷмааи «Истиқлол» ва Муассисаи давлатии ҷумҳуриявии «Мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» низ дидан менамояд.

Ёдовар мешавем, ки аз 3 то 9 октябри соли равон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон доир гардиданд. Дар доираи ин рӯзҳо мулоқоти Вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ва Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадмеҳдӣ Исмоилӣ доир шуд. Дар маросими кушодашавии Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон  дар Эрон ходимони  намоёни сиёсӣ, фарҳангӣ, адабӣ ва аҳолии Теҳрон иштирок намуданд.

Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Эрон намоиши аксҳою мусаввараҳо, ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои миллии тоҷикӣ,   намоиши театрии «Дирафши ковиёнӣ»-и Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, барномаҳои консертии ҳунармандони маъруфи тоҷик, «Шаби шеър» бо иштироки шоирони шинохтаи тоҷик ва адибони эронӣ, инчунин намоиши филмҳои «Муаллим» ва «Роҳ»-и коргардони тоҷик Носир Саидов пешниҳод гардиданд.

АКС: Вазорати фарҳанги ҶТ

Октябрь 31, 2022 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Дар Душанбе дар ин мавзуъ Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд баргузор мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди Қасри бостонии Ҳулбук корҳои ободкорию сабзгардонӣ идома доранд
Эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар сокини ҷумҳурӣ аст
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ давраи омузишӣ баргузор шуд
ТОҶИКОН — МЕРОСБАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Иқдоми Тоҷикистон дар самти ҳифзу арҷгузорӣ ба тамаддуни ориёӣ саривақтӣ ва муҳим аст
Сокинони шаҳри Исфара соҳиби туҳфаи Пешвои миллат- «Шоҳнома»-и безавол мегарданд
Дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе маркази омӯзиши забони чинӣ таъсис дода мешавад
БОРБАД — АСОСГУЗОРИ МУСИҚИИ ШАРҚ. Хунёгаре, ки назирашро таърихи башар ёд надорад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон баргузор мегарданд
Масъалаи дастрасӣ ба оби нӯшокии устувор бо намояндагони ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Академик Фарҳод Раҳимӣ: «Бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе аҳамияти бузурги сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ дорад»
Дар Академияи миллии илмҳо нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд