ДУШАНБЕ, 31.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. Порчаҳои бузурги ях, ки дар қутбҳо парокандаанд, яке аз муҳимтарин танзимгарони ҳарорат дар сайёра мебошанд. Пиряхҳо сатҳи аз ҳад зиёд гарм шуданро нигоҳ дошта, уқёнусҳоеро дар бар мегиранд, ки метавонанд заминро зери об қарор диҳанд. Обшавии пиряхҳо бевосита ба ҳаёти одамони тамоми ҷаҳон таъсир мерасонад. Тибқи андешаи яхшиносон, дар шароити ҳозираи баланд шудани ҳарорати ҳаво то охири асри XXI эҳтимол пиряхҳо пурра аз байн раванд.
Тағйирёбии иқлим буҳрони ҷиддии замони мост ва он ҳатто зудтар аз он лаҳзае, ки мо фикр мекунем, рух медиҳад. Бо вуҷуди ин, мо дар баробари ин таҳдиди ҷаҳонӣ ба ҳеҷ ваҷҳ беамал нахоҳем буд. Тавре Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш зикр кардааст, «вазъияти фавқулода вобаста ба тағйирёбии иқлим мусобиқаест, ки мо дар он мағлуб мешавем, аммо мо ҳамчунин метавонем бар он ғолиб оем». Баландшавии ҳарорат сабаби бевоситаи таназзули муҳити зист, офатҳои табиӣ, ҳодисаҳои шадиди обу ҳаво, ноамнии ғизо ва об буда, сатҳи баҳрҳо баланд шуда, пиряхҳои Арктика об мешаванд. Равшан аст, ки дар чунин шароит муносибати куллан нав зарур аст. Азбаски оқибатҳои зарари тағйирёбии иқлим қариб бебозгашт мешаванд, вақти амали қатъии дастҷамъона фаро расидааст.
Дар ин замина коршиносони соҳа баргузор гардидани Конфронси оби СММ-2023 — ро қадами устувор баҳри муҳокимаи масоили муҳими обу иқлим ва обшавии пиряхҳо ном мебаранд. Конфронси мазкур имкон хоҳад дод, ки қишрҳои гуногуни ҷомеа атрофи омилҳои тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо бо далелҳои илман исботшуда муколамаҳои гуногунсамт анҷом диҳанд. Ба уҳда гирифтани ҳамраисии Конфронси оби СММ — 2023 барои Тоҷикистон имкон хоҳад дод, ки дар баррасии масъалаи обу иқлим минбаъд низ фаъол бошад.
Тафсилоти бештари мавзӯъ вобаста ба масъалаи ҳифзи пиряхҳо ва нақши Конфронси оби СММ-2023 дар баррасии он имрӯз соатҳои 14:30 ва 20:30 дар барномаи таҳлилии “Сарват”– и Радиои “Ховар” бо иштироки директори Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳо»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдулҳамид Қаюмов дар таҳияи муҳаррири барнома Манижа Баҳромзода ва коргардон Сӯҳроби Нуриддин пешниҳоди шунавандагон мегарданд.
АКС: АМИТ «Ховар»