Натиҷаи санҷиши фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои Ҳисор ва Шаҳринав баррасӣ гардид

Октябрь 12, 2022 08:43

ДУШАНБЕ, 12.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи кории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муассисаҳои таҳсилоти умумии №№ 2, 8, 11, 18, 21, 34, 45-и  ноҳияи Шаҳринав ва №№ 5, 17, 41, 52, 59-и  шаҳри Ҳисор дидан намуд.Бо мақсади баррасии натиҷаи  санҷиши муассисаҳои мазкур 10 октябри соли равон  таҳти раёсати муовини Вазири маориф ва илми мамлакат  Зиёдулло Абдулзода дар  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Тавре аз Вазорати маориф ва илми кишвар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  дар ҷаласаи  мазкур  сардорону кормандони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказӣ ва роҳбарону кормандони муассисаҳои тобеъ, сардорони сарраёсат, раёсату мудирони шуъбаҳои маорифи вилоят, шаҳру ноҳияҳо, директорони мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Дар ҷаласа зикр гардид, ки дар ҷараёни  санҷиши муассисаҳои болозикр  масъалаҳои риояи интизоми меҳнат, омодагии омӯзгорону хонандагон ба дарс, аз ҷониби хонандагон бо худ овардани китобҳои дарсӣ, дастрасии Луғати вожаҳои серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, давомоти хонандагон, вазъи пур намудани журналҳои синфӣ, тозагии синфхона ва гирду атрофи муассисаҳои таълимӣ, норасоии омӯзгорон, шумораи хонандагон дар синфҳо ва муассисаҳои таълимӣ, вазъи кабинетҳои технологияи иттилоотӣ (бо нишон додани теъдоди комютерҳо, проектор, тахтаи электронӣ ва коршоямии онҳо), ҷорӣ намудани таълими равиявӣ дар синфҳои 7-11 ва ғайраҳо мавриди таҳлил ва назорат қарор дода шуданд.

Дар ҷаласа зимни баррасии натиҷаи санҷиши гурӯҳи корӣ ба мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои Ҳисор ва Шаҳринав дастур дода шуд, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ошкоршуда тадбирҳои  дахлдор андешида, аз натиҷаи корҳои иҷрошуда ба Вазорати маориф ва илм маълумоти мушаххас пешниҳод намоянд.

Акс: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 12, 2022 08:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд