ҶОМИ ОСИЁ-2023 ОИД БА ФУТБОЛ. Тоҷикистон дар аввалин бозӣ бар дастаи мунтахаби наврасони Муғулистон ғолиб омад
ДУШАНБЕ, 06.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе дастаи мунтахаби наврасони то 17- солаи Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии Раҳматулло Фузайлов дар оғози мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «Н» бар дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Муғулистон бо ҳисоби калони 3:0 пирӯз шуд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар дақиқаи 28-уми дидор бозигари Муғулистон Итгел Балчиндрож ба дарвозаи дастааш гол зада, ҳисобро кушод. Ду голи дигарро Абубакр Сулаймонов ва Шеравган Саидов дар ин бозии ҷолиб ба нишон расониданд.
Дар даври ниҳоии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон 9 октябр бо ҳамсолони худ аз Афғонистон бозӣ мекунад. Ин вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе, соати 19:00 оғоз мешавад.
Дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои мунтахаби наврасони то 17-сола ҳамаи дастаҳои қора дар 10 гурӯҳ иштирок доранд. Тибқи низомнома, ғолибони ҳамаи гурӯҳҳо ва 5 дастаи беҳтарини гурӯҳҳо ба марҳилаи финалӣ, ки моҳи майи соли оянда дар Баҳрайн баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид






