Роҳбарони кишварҳои ИДМ барномаи нави мубориза бо терроризмро барои солҳои 2023-2025 тасдиқ мекунанд

Октябрь 14, 2022 13:11

ДУШАНБЕ, 14.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарони кишварҳои ИДМ дар Остона барномаи мукаммали мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ барои солҳои 2023-2025-ро тасдиқ мекунанд. Дар ин бора ёрдамчии президенти ФР Юрий Ушаков дар нишасти хабарӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

«Тасдиқи барномаи навшудаи ҳамкории кишварҳои узви ИДМ дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ барои солҳои 2023-2025 дар назар аст»,-гуфт Ушаков.

Намояндаи Кремл гуфт, ки аз рӯи натиҷаҳои Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ ҳамчунин дар назар аст, ки қарор дар бораи мақоми нозири Иттиҳод дар СААД қабул карда шавад. Ба ғайр аз ин дар назар аст, ки созишнома дар бораи ҳамкории кишварҳои узви ИДМ дар  мубориза бо коррупсия ба имзо расад. «Дар назар аст, ки созишнома дар бораи ташкили Шӯрои машваратии роҳбарони мақомоти интихоботии давлатҳои узви ИДМ ба имзо расад»,-иброз намуд Ушаков.

Ёрдамчии президенти ФР изҳор дошт, ки якчанд санадҳо қабул карда мешаванд. «Дар маҷмӯъ, тақрибан 17-18 ҳуҷҷат хоҳад буд. Умедворем, ки роҳбарон онҳоро мепазиранд», — афзуд ӯ.

АКС: ИЗВЕСТИЯ/Павел Бедняков

Октябрь 14, 2022 13:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Гузариш ба иқтисоди «сабз» барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад»
ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. «Lonely Planet» Тоҷикистонро байни самтҳои беҳтарини сайёҳии ҷаҳон ҷой дод
Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»