Сарони Тоҷикистон ва Қазоқистон рӯзномаи мулоқоти қарибулвуқӯи сатҳи олӣ дар Остонаро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 06.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи чоршанбе, 5 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ баргузор намуданд, иттилоъ дод дирӯз АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон .
Дар оғози суҳбат Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев Сарвари давлати моро бо ҷашни 70-солагиашон самимона табрик карда, ба Пешвои миллат сиҳатмандии комил, рифоҳ ва дар фаъолияташон комёбиҳои бузург, ба мардуми Тоҷикистон сулҳу амонӣ ва шукуфоӣ орзу намуд.
Сарони давлатҳо раванди рушди афзояндаи ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистонро зикр карда, атрофи ҳолати имрӯзаву дурнамои муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистон ва Қазоқистон мубодилаи афкор анҷом доданд.
Президентҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон зимни суҳбат ҳамчунин нисбат ба масоили рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалии мавриди эҳтимоми тарафайн ибрози назар намуданд
«Диққати махсус ба рӯзномаи мулоқоти қарибулвуқӯи сатҳи олӣ дар Остона дода шуд»,-омадааст дар иттилоияи хадамоти матбуоти Президенти ҶТ.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, 13 октябр дар пойтахти Қазоқистон – Остона ҷаласаи VI Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) ва 14 октябр – ҷаласаи Шӯрои Сарони давлатҳои ИДМ, 14 октябр – нишасти «Осиёи Марказӣ – Россия» баргузор мегардад.
Ёдовар мешавем, ки ба ҳолати имрӯза 27 кишвари ҷаҳон (аз ҷумла Тоҷикистон, Россия, Узбекистон, Чин, Ҳиндустон, Туркия, Қатар, АМА ва ғайра) ва 9 кишвари нозир (бо шумули Беларус, ИМА, Ҷопон, Туркманистон, Украина ва дигар давлатҳо) узви МҲТБО маҳсуб мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






