Сифати хизматрасонӣ дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ ва фурудгоҳҳои байналмилалӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 27.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи таъмини хизматрасонии сатҳи баланд дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ ва фурудгоҳҳои байналмилалӣ, таъмини ҳаракати бемамониати меҳмонони хориҷӣ ва шаҳрвандон бо истифода аз нархҳои дастрас, ташкили хатсайрҳои нав ва ба талаботи сатҳи байналмилалӣ мутобиқ намудани хизматрасонии онҳо 26 октябр зимни мулоқоти муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҳабибулло Амирбекзода бо масъулини сохторҳои марказии фурудгоҳ, намояндагони Қӯшунҳои сарҳадӣ, гумрук ва кормандони хизматрасони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, мулоқоти мазкур ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини хизматрасонии сатҳи баланд дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ баргузор гардид.
Ҳамчунин иштирокчиён масъалаҳои ҷорӣ намудани низоми муосири идоракунӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, аҳамият додан ба одоби муошират бо меҳмонон ва паст кардани арзиши аслии хизматрасониро аз ҷониби ташкилоти хизматрасони сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳӣ








Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Кумитаи рушди сайёҳӣ барои рушди соҳа ва тарғиби имконоти сайёҳии Тоҷикистон озмун эълон намуд
САЙЁҲИИ РАҚАМӢ. Дар Душанбе лоиҳаи замимаи мобилии «Ватан» муаррифӣ гардид
Имконоти сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллии Тоҷикистон дар шаҳри Тула муаррифӣ гардид
Ҷамшед Ҷумахонзода: «Соҳаи сайёҳӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфтааст»
Бахшида ба ҷашни Меҳргон Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» баргузор мегардад
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор шуд
Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ бо имконоти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардид






