Соли 2022 хонандагони Тоҷикистон дар олимпиадаҳои бонуфузи байналмилалӣ соҳиби беш аз 1,5 ҳазор медал шуданд
ДУШАНБЕ, 12.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 5 ҳазору 745 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар 27 олимпиадаи фаннии бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори 1585 медал гардиданд. Аз ҷумла, хонандагони мамлакат 259 медали тилло, 593 медали нуқра ва 733 медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Дар ин бора зимни баргузории ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми мамлакат «Оид ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2022 ва вазифаҳо то охири сол», ки 10 октябр дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.
Зикр шуд, ки соли равон барои зинаҳои 2-юм ва 3-юми таҳсил 24 олимпиадаи ҷумҳуриявии фаннӣ, аз ҷумла 13 олимпиада аз фанҳои табиӣ-риёзӣ ва 11 олимпиада аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ гузаронида шуданд. Дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳо 6530 нафар хонандагон иштирок намуданд, ки нисбат ба соли гузашта 2287 нафар зиёд мебошад.
АКС:АМИТ «Ховар»








Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Қабули ҳуҷҷатсупории довталабон барои иштирок дар бурсияи Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия оғоз шуд
Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бо рафти таҳсилоти олӣ дар вилояти Панҷоби Ҳиндустон шинос гардид
Арзиши хизматрасонӣ дар ИМД-2026 чӣ қадар аст ва барои киҳо имтиёз муқаррар карда шудааст?
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба саҳми матбуот дар рушди давлатдории миллӣ ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ доир шуд
Доир ба шароити нигоҳдории солимии психологӣ дар муҳити муассисаҳои таълимӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ашъори Робиаи Балхиро бо 9 забони хориҷӣ қироат карданд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
МОДАР — ЧАРОҒИ РОҲНАМОИ ФАРЗАНД. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Дастовардҳои соҳаи мошинсозӣ ва технологияҳои истеҳсолӣ дар конференсияи байналмилалӣ баррасӣ гардиданд






