Тоҷикистон ва Канада хостори ба роҳ мондани парвозҳои мустақим гардидаанд

Октябрь 25, 2022 13:46

ДУШАНБЕ, 25.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Таҳкими ҳамкорӣ дар бахши авиатсияи гражданӣ миёни Тоҷикистон ва Канада зимни мулоқоти муовини Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Набизода бо намояндагони мақомоти авиатсияи граждании Канада — Кери Видней ва Барбара Дурест дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Мусоҳибон оид ба низоми таъмини бехатарии авиатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ибрози назар намуданд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ва Канада дар соҳаи авиатсияи гражданӣ собиқаи ҳамкории чандинсола дошта, дар оянда барои ба роҳ мондани парвозҳои мустақим ҷаҳду талош менамоянд.

АКС: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 25, 2022 13:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид