Бо иштироки ҳунармандони Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ барномаи фарҳангӣ доир мешавад
ДУШАНБЕ, 11.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 12 ноябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ бо иштироки ҳунармандони Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ барномаи фарҳангӣ баргузор мегардад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанги мамлакат.
Барномаи фарҳангӣ ба 30-юмин солгарди муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад. Ин барнома бо ташаббуси Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад.
Ёдовар мешавем, ки Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар қатори аввалин кишварҳои дунё 11 январи соли 1992 Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохта, муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуд.
Равобити дипломатии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ соли 1992 бо сафари расмии ҳайати он кишвар бо сарварии Вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, шоҳзода Сауд ал-Файсал ба Тоҷикистон оғоз гардида буд.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд






