Дар баъзе кишварҳои Аврупо марг аз коронавирус ду баробар афзудааст
ДУШАНБЕ, 21.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди ҳолатҳои тасдиқшудаи сирояти коронавирус дар ҷаҳон дар моҳи октябр 12,7 миллион афзоиш ёфтааст, ки нисбат ба моҳи сентябр тақрибан 12% камтар аст. Моҳи сеюм аст, ки мизони гирифторӣ ба бемории ковид коҳиш меёбад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии иттилоотии «ТАСС»
Дар баъзе кишварҳои Аврупо сатҳи сироятёбӣ дубора боло рафтааст. Дар Амрико ва Осиё дар моҳи октябр коҳиши устувор ба қайд гирифта шуд. Моҳи дуюм аст, ки дар ҷаҳон камтар аз 50 ҳазор нафар мефавтанд, аммо дар баъзе кишварҳои Аврупо сатҳи фавт дар пасманзари хуруҷи нави ҷиддии ковид 1,5-2 маротиба афзоиш ёфтааст.
Моҳи гузашта дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ин рақамҳо пасттарин буданд- аз моҳи март дар кишвар дар як рӯз тақрибан 20-25 ҳазор ҳолати нав ба қайд гирифта шудааст. Дар Мексика ва Аргентина онҳо ба сатҳи пасттарин расидаанд- дар он ҷо на бештар аз 3 ҳазор нафар дар як рӯз сироят ёфтаанд. Бо вуҷуди ин, хуруҷи нави сироят дар Чили ба қайд гирифта шуд — аз аввали моҳ ин рақамҳо якбора се маротиба афзоиш ёфтанд. Дар Бразилия суръати паҳншавии сироят аз моҳи ноябри соли гузашта пасттарин буд.
Дар кишварҳои осиёӣ низ ин беморӣ коҳиш ёфтааст. Он дар Ҷопон назар ба моҳи сентябр қариб се баробар, дар Кореяи Ҷанубӣ 2,5 баробар кам шудааст. Сатҳи баландтарини сироят моҳи октябр дар Олмон ба қайд гирифта шудааст. Дар нимаи аввали моҳ дар як рӯз то 175 000 ҳолати нав ба қайд гирифта шуда, баъдан ин беморӣ коҳиш ёфт. Дар маҷмӯъ, дар моҳи октябр дар он ҷо тақрибан 2,3 миллион ҳолати нав ташхис карда шуд.
Дар Фаронса авҷи беморӣ дар нимаи моҳи октябр пайдо шуд, вақте ки тақрибан 87,7 ҳазор нафар мубталоён ошкор шуданд. Аммо пас аз ду ҳафта ин нишондиҳанда ду маротиба поён фаромад. Дар Италия низ хуруҷи нав ба қайд гирифта шуд, ки дар нимаи аввали моҳи октябр дар он беш аз 65 ҳазор ҳолат ошкор шудааст.
Моҳи октябр дар ҷаҳон тақрибан 44 ҳазор нафар бар асари бемории ковид фавтиданд.
АКС: tass.ru








ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд






