Дар доираи Форуми ҷавонони Россия ва Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 21.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Форуми ҷавонони Россия ва Тоҷикистон бо ибтикори Раиси ҷамъияти тоҷикони вилояти Челябинск «Сомониён» Исломуддин Раҷабов дар Донишгоҳи аграрии Урали Ҷанубӣ бо роҳбарияти донишгоҳ ва донишҷӯёни он аз Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷараёни мулоқот намояндаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба ҳамоҳангсозии ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ Абдусаттор Фаттозода ва муовини роҳбари дастгоҳи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ сухан гуфтанд.
Ректори Донишгоҳи аграрии Урали Ҷанубӣ Светлана Черепухина дар суханронии худ ба ҷанбаҳои гуногуни раванди мутобиқшавӣ ва ҳамгироии донишҷӯёни макотиби олии маҳаллии Россия аз ҷумлаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Дар ҳамоиш мавзӯъҳои муносибатҳои ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин масъалаҳои пешгирии зуҳуроти ифротгароӣ ва тундгароӣ миёни донишҷӯён, таҳсил ва меҳнат дар вилояти Урали Ҷанубии Федератсияи Россия мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ёдовар мешавем, ки аз 15 то 18 ноябр дар шаҳри Челябински Федератсияи Россия таҳти унвони «Воқеияти нав – расонаҳои нав» Форуми ҷавонони Россия ва Тоҷикистон баргузор гардид, ки намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он иштирок намуданд.
Форум ба таҳкими ҳамкории ҷавонони Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шуда, дар доираи он 50 нафар кормандони ВАО аз Россия ва Тоҷикистон дар дарсҳои маҳорат, вохӯриҳо ва суханронӣ оид ба масъалаҳои мубрами кор бо захираҳои ВАО ширкат варзиданд.
Акс: ВКД ҶТ








«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд






