Дар Суғд бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир шуд

Ноябрь 4, 2022 10:00

ДУШАНБЕ, 04.11.2022 /АМИТ «Ховар»/.  3 ноябр бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии вилояти Суғд ҳамоиши идона баргузор гардид. 

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, дар ҳамоиш роҳбарияти вилоят, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони ташкилоту идораҳо, фаъолону намояндагони ташкилоти ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Раиси вилоят  Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки 28 сол муқаддам мардуми Тоҷикистон бо роҳнамоиҳои дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қабули Конститутсия барои ташаккули давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд заминаи боэътимод гузошта, роҳи минбаъдаи рушди ҷомеаи кишварро дар ҷодаи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ муайян намуданд.

«Чун ба таърихи қабул гардидани Конститутсияи мамлакат нигарем, он дар давраи басо вазнини таърихӣ тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Дар фазои озодбаёнӣ беш аз 87 фоиз ба ҷонибдории Конститутсия, яъне ба тарафдории давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ, интихоби тақдири ояндаи ободу осудаи кишвар раъй доданд»,-зикр кард Раиси вилоят.

Давоми зиёда аз ду моҳи муҳокимаи лоиҳаи Конститутсия ба Шӯрои Олӣ зиёда аз ҳаштуним ҳазор пешниҳод ворид гардида, лоиҳаи Конститутсия танҳо баъди ба эътибор гирифтани пешниҳоди мардум такмил дода, ба раъйпурсии умумихалқӣ бароварда шуд. Тавре Пешвои миллат зикр доштаанд, он воқеан ҳам ба Конститутсияи халқӣ табдил ёфт. Қабули Конститутсия рамзи ҳастии миллат, эҳёи давлати соҳибистиқлоли соҳибтамаддун, исботи интихоби роҳи дурусти давлатдорӣ, тантанаи адолат, татбиқи муваффақонаи андешаи созандаи миллӣ ва шаҳодати саодатмандии халқи Тоҷикистон маҳсуб мешавад.


Туфайли ин санади муқаддас ва тақдирсоз халқи Тоҷикистон худро ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, пуштибони соҳибихтиёрии давлати худ, эҳтиромгузори ҳуқуқу озодиҳои шахс ва истиқлоли давлатҳои ҷаҳон, таҳкимбахши дӯстии тамоми халқияту миллатҳо ва бунёдгари ҷомеаи адолатпарвар эълон доштанд.

Бо ҳидояту раҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи шарифи тоҷик аз нахустин рӯзҳои истиқлолият дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории навин, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар саъю талоши бесобиқа анҷом дода, ба хотири ободии Ватан корҳои бузурги созандагӣ ва ободониро амалӣ намуданд.

Қабули Конститутсия барои ҳифзи истиқлолият, аз оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ берун овардани ҷомеа, барқарор намудани фаъолияти сохторҳои фалаҷшудаи давлатӣ, таъмин намудани амнияти миллӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, инчунин ҷиҳати мустаҳкам кардани заминаҳои сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии давлат шароити мусоиди ҳуқуқӣ  фароҳам овард.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд, ки халқи тоҷик бо роҳи ифодаи озодонаи мавқеи худ аввалин маротиба имконияти таърихии қабули бевоситаи ин ҳуҷҷати бунёдии сиёсиро бо азму иродаи хеш амалӣ намуда, ба эъмори пойдевори ҳуқуқии давлати мустақили демократӣ ва дунявии Тоҷикистон асоси мустаҳкам гузошт.

Бо қабули Конститутсия дар инкишофи давлатдории Тоҷикистон марҳалаи нави таърихӣ оғоз гардид ва он мардуми кишварро ба созандагиву бунёдкорӣ, дигаргуниҳои азими иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ роҳнамоӣ кард.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои аҳамияти байналмилалӣ низ мебошад. Ба шарофати арзишҳои асосии конститутсионии он миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳон шинохтаву эътироф намуданд.

Таъкид гардид, ки дар марҳалаи кунунӣ вазифаи ҷонӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар фарди бонангу номус, худогоҳу худшинос ва ватандӯсту ватанпараст он аст, ки дар заминаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва пос доштани арзишҳои бузурги ватандорӣ, бахусус неъмати муқаддаси Истиқлолияти давлатӣ ҳамеша талош намояд.

Сипас, аз ҷониби аҳли ҳунару санъат барномаи рангини фарҳангӣ пешниҳод гардид.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Ноябрь 4, 2022 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансур вобаста ба пешгирии ҳолатҳои фавқулода корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Дар маркази ноҳияи Данғара бунёди 315 бинои истиқоматии аз 9 то 16 ошёна ба нақша гирифта шудааст
Бахшида ба Рӯзи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ҳамоиши фарҳангӣ доир карда шуд
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Дар шаҳри Омск Форуми 5-уми сарварони ҷавони Русия ва давлатҳои Осиёи Марказӣ оғоз ёфт
Масъалаи ба такмили ихтисос фаро гирифтани табибони тоҷик дар Эрон баррасӣ гардид
Дар Душанбе масъалаи густариши ҳамкории судӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид
Барои пешгирии заҳролудшавӣ аз дуди ангишт қоидаҳои муҳими истифодаи онро бояд риоя намуд
Доктор Ҳала бинти Мазид Ат-Тувайҷирӣ: «Дар «Стратегияи дурнамои рушди Арабистони Саудӣ то соли 2030» ҳифзи ҳуқуқи инсон ҷойгоҳи хос дорад»
Тавсеи ҳамкорӣ байни мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳуқуқи инсони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид
Ҳокимияти судӣ дар Тоҷикистон такягоҳи адолат ва пояи устувори қонун аст
Пешвои миллат: «Фалсафаи ҷашни Меҳргон инсонҳоро ба адолатхоҳӣ, баробарӣ ва меҳрубонӣ ҳидоят мекунад»