Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 18% афзуд
ДУШАНБЕ, 03.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар 9 моҳи соли 2022 корхонаҳои саноатӣ якҷо бо соҳибкорони хусусӣ ба маблағи 30011,2 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 бо нархҳои муқоисавӣ 18,0 фоиз афзудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Омили асосии рушди суръати соҳаи саноат асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноати истихроҷ – 7,4 фоиз, саноати коркард – 16,6 фоиз, таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво – 16,2 фоиз, таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва маҳсулоти дуюмдараҷа – 8,7 фоиз ба амал омадааст.
Дар саноати истихроҷи маъдан дар моҳҳои январ – сентябри соли 2022 ба маблағи 6933,1 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба моҳҳои январ – сентябри соли 2021 бо нархҳои муқоисавӣ 7,4 фоиз зиёд шудааст.
«Афзоиши суръати рушди саноати истихроҷи маъдан аз рўи намудҳои маҳсулоти истеҳсолӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз ҳисоби маъданҳои филизӣ – 7,0 фоиз, ангиштсанг ва бур – 20,1 фоиз, ҳар гуна канданиҳои фоиданок – 3,0 фоиз мушоҳида мегардад. Ҳаҷми истеҳсолот дар саноати коркард дар моҳҳои январ – сентябри соли 2022 17726,6 млн сомонӣ, аз он маҳсулоти хӯрокворӣ якҷоя бо нӯшокиҳо ва тамоку 6521,5 млн сомонӣ, истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ- 2774,4 млн сомонӣ, истеҳсоли маҳсулот аз чӯб ва коғаз, фаъолияти табъу нашр 264,0 млн сомонӣ, истеҳсоли маҳсулоти нафтӣ 54,9 млн сомонӣ, истеҳсоли маҳсулоти кимиёвӣ 246,1 млн сомонӣ, ҳар гуна маҳсулоти ғайрифилизии маъданӣ 2509,7 млн сомонӣ, истеҳсолоти металлургӣ ва истеҳсоли маснуоти тайёри филизӣ 4705,1 млн сомониро ташкил дод. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ умуман дар соҳаи коркард 16,6 фоиз зиёд шудааст»,-иттилоъ доданд дар Агентии омор.
Дар давраи ҳисоботӣ 2594 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои истихроҷ 305 адад, коркард 2124 адад, таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво 72 адад ва таъминоти об ва коркарди партовҳо 93 адад фаъолият намудаанд.
Аз ин шумора 788 адад (30,4 фоиз аз шумораи умумии корхонаҳо) ба вилояти Суғд, 710 адад (27,4 фоиз) – ба вилояти Хатлон, 548 адад (21,1 фоиз) – ба шаҳри Душанбе, 466 адад (17,9 фоиз) – ба навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва 82 адад (3,2 фоиз) – ба ВМКБ рост меоянд.
Дар истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 24,0 фоиз зиёд шудааст, ки асосан аз ҳисоби зиёдшавии истеҳсоли газворҳо – 2,9 баробар, қолин ва маснуоти қолин – 1,5 баробар, газворҳои абрешим (атлас) – 2,4 баробар, либосҳои мактабӣ – 27,0 фоиз мушоҳида мегардад.
Дар 9 моҳи соли равон истеҳсоли маснуоти ғайрифилизии маъданӣ 1,8 фоиз зиёд шуд, ки аз ҳисоби зиёдшавии хишти бинокорӣ – 15,2 фоиз, гаҷ, санг – 6,8 фоиз ба вуқӯъ омадааст.
Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба ҳисоби миёна ба ҳар сари аҳолӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ 3157,53 сомониро ташкил медиҳад.
АКС: аз манбаъҳои боз








Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли нушокиҳои «Суғд саноат холдинг»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ Маркази савдо ва хизматрасонии “Раҳимӣ” дар деҳоти Хистеварз ва корхонаи парандапарварӣ дар деҳоти Исфисорро ифтитоҳ намуданд
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба раванди истеҳсолот дар корхонаи қуттиҳои картонӣ оғоз бахшиданд






