Гурӯҳи сафирони кишварҳои иштирокчии САҲА аз Тоҷикистон боздид намуданд

Ноябрь 7, 2022 11:06

ДУШАНБЕ, 07.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи сафирони кишварҳои иштирокчии САҲА, иборат аз намояндагони доимии Фаронса, Олмон, Британияи Кабир ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар САҲА дар доираи сафари худ ба Осиёи Марказӣ 5 ноябр аз Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Меҳмононро Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба таҳдидҳо дар минтақаи мавриди масъулияти САҲА табодули назар карданд.

С.Муҳриддин зикр кард, ки Тоҷикистон манфиатдори инкишофи робитаҳо дар чаҳорчӯби САҲА ва тавсеаи ҳамкориҳо дар се ченаки фаъолияти Созмон мебошад.

Акс: ВКХ ҶТ

Ноябрь 7, 2022 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Миср маҷаллаи «Тоҷикистон ва пиряхҳо» ба забони арабӣ ва англисӣ ба нашр расид
Азамшо Шарифӣ: «Дипломатияи «сабз» дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҷойгоҳи хосса дорад»
Дар Женева таҳти унвони «Нақши Устувонаи Куруши Кабир дар ташаккули ҳуқуқу озодиҳои муосири инсон» ҳамоиш доир шуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Сеул нишасти матбуотӣ оид ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд доир шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Тошканд брифинг оид ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд доир шуд
Иқтидори бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Вена оид ба энергетика ва иқлим муаррифӣ гардид
Консули генералии Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Калининград мулоқот намуд
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ дар Минск муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд