Хизматчиёни давлатӣ аз Осорхонаи Пешвои миллат дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дидан намуданд

Ноябрь 18, 2022 16:59

ДУШАНБЕ, 18.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 17 ноябр хизматчиёни давлатӣ аз Осорхонаи Пешвои миллат дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дидан намуданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бахшида ба ҷашни 30- солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматчиёни давлатӣ тамошои Осорхонаи Пешвои миллат дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташкил гардид.

Мақсад аз ташкили боздиди хизматчиёни давлатӣ аз Осорхонаи Пешвои миллат- ин тарбияи насли имрӯза дар рӯҳияи худшиносӣ, арҷгузорӣ ба рукнҳои давлатдории миллӣ ва шиносоӣ бо хизматҳои шоёни Пешвои муаззами миллат дар роҳи бунёди ҷомеаи муосири Тоҷикистон, саҳми шахсии Сарвари давлат дар инкишофи соҳаҳои гуногуни илму маориф, алалхусус дар пешрафти чашмраси бонуфузтарин муассисаи олии таълимии мамлакат – Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

Осорхонаи Пешвои миллат дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бинои таълимии факултетҳои иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки ба овони донишҷӯӣ ва саҳми Сарвари давлат дар рушди минбаъдаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида шудааст, соли 2021 бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифт.

Осорхона мутобиқ ба талаботи замони муосир, бо назардошти аслият ва мазмуну мундариҷаи нигораҳо таъсис дода шуда, ҳисси худшиносию ватандӯстӣ, ифтихормандӣ ва завқи эстетикии бинандаро дучанд менамояд.

Нигораҳои осорхона овони таҳсили муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин муассиса фаро гирифта, нодиртарин санад, аз қабили аризаи дохилшавӣ, варақаи имтиҳонӣ, мавзӯи иншои дохилшавӣ ба муассисаи олии таълимӣ, билети донишҷӯӣ, дафтарчаи имтиҳонӣ, корҳои курсӣ, диплом ва фармони хатм, инчунин фанҳои таълимии бахши иқтисодӣ, дастовардҳои олимони донишгоҳ ва ғайра дар толорҳои мунаққашу зебои он нигоҳдорӣ шудаанд.

Осорхона аз утоқи пазироӣ ва толори «Таҳсил» ва «Истиқлол» иборат буда, нигораҳо аз нигоҳи таърихӣ мураттаб шудаанд. Масалан, дар тарафи девори рости «Утоқи пазироӣ» Нишони давлатии Тоҷикистон дар гаҷ ҳаккокӣ гардида, аз тарафи чап Парчами давлатӣ гузошта шудааст. Дар рӯ ба рӯи дари даромад мизи ҳаштгӯшаи кандакорӣ бо курсиҳо гузошта шудааст. Сақфи бино бо кандакориҳои чӯбин пӯшонида шудааст, ки маҳсули дасти донишҷӯёни Коллеҷи рассомии ба номи М.Олимов мебошанд.

Дар даромадгоҳи толори «Таҳсил» мизи донишҷӯёни солҳои 70-80-уми асри ХХ, ки Пешвои миллат дар он нишаста, таҳсили илм намудаанд, ба намоиш гузошта шудааст. Ин ва дигар нигораҳо, ки аллакай моли таърих дониста мешаванд, ҷолибу диданӣ буда, таваҷҷуҳи ҳар нафарро ҷалб менамоянд. Дар ҳамин толор инчунин китобҳои таълимӣ аз фанни иқтисодиёт ҷой дода шудаанд. Дар 3 равоқи толор ҳуҷҷатҳои давраи довталабӣ, таҳсил ва хатми Эмомалӣ Раҳмон гузошта шудаанд. Дар девор акси ректорони донишгоҳ то давраи истиқлолият гузошта шуда, толорро ҳамчунин акси устодони факултети баҳисобгирии бухгалтерии хоҷагии қишлоқ дар солҳои 70-80-ум, акси собиқ донишҷӯи ин факултет Эмомалӣ Раҳмон баъд аз супоридани имтиҳонҳои давлатӣ, расми якҷояи ҳамсабақони Пешвои миллат ва нигораҳои кандакорӣ ороиш медиҳанд.

Композитсияи китоби Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон-таърихи қадимтарин, қадим ва асрҳои миёна», чопи соли 1972 дар лавҳаи чӯбин, бозёфтҳои донишҷӯёни факултети таърих ҳангоми таҷрибаомӯзии археологӣ дар ноҳияи Фархор ва нигораҳои кандакорӣ толорро боз ҳам пурра мегардонанд. Ду сутуни толор бо тасвири нақшҳои Мақбараи Мавлоно Юсуфи Хатлонӣ кандакорӣ шудаанд.

Толори «Истиқлол»-и ин Осорхона ба ташрифҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дастовардҳои Донишгоҳ дар 30 соли соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар ҳамин толор инчунин аксҳои ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишгоҳ, унвонҳои фахрии аз ҷониби донишгоҳҳои ҷаҳон тақдимшуда гузошта шудааст.

Осори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва маводи ба Пешвои миллат бахшидашуда гӯшаи дигари ин толори барҳаворо зиннат мебахшанд.

Сақфи бино бо гаҷкориҳои миллӣ оро ёфта, асарҳои рассомони тоҷик дар ҷойҳои мувофиқ овезон карда шудаанд.

Дар маҷмӯъ, Осорхонаи Пешвои миллат таҷассуми сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бахши илму маориф ва фарҳанг буда, барои ҳар тамошобин роҳнамои арзанда мебошад.

АКС: Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 18, 2022 16:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои санъати тасвирӣ ва дизайн тағйироти амиқ ба вуҷуд овардааст
Барои мукофотонидани ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» 2 миллиону 660 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад
ТУҲФАИ АРЗАНДАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Ба беш аз 57 ҳазор оилаи шаҳри Ваҳдат «Шоҳнома» тақдим мегардад
ИЛМ ДАР БАЛАНДИИ ЗИЁДА АЗ 5000 МЕТР. Дар калонтарин пиряхи Тоҷикистон — Ванҷях таҳқиқоти илмӣ гузаронида шуд
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии омӯзгории Шинҷони Чин ҳамкориро тақвият медиҳад
Ёдгориҳои нодири тамаддуни тоҷикон дар Осорхонаи миллии Чин ба намоиш гузошта шуданд
Аз ҷониби нашриёти «Адиб» чор китоб ба нашр расид
Туҳфаи арзишманди Пешвои миллат — китоби «Шоҳнома» ба ноҳияи Файзобод расид
Байни консерваторияҳои Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Намояндагони Шурои байналмилалии ҳунармандӣ бо намунаҳои сӯзании Панҷакент шинос шуданд
Сокинони шаҳри Роғун соҳиби туҳфаи Президенти Тоҷикистон — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ гардиданд
«АНДАЛЕБ-2025». Дар Панҷакент даври шаҳрии фестивал- озмуни ҷумҳуриявии телевизионӣ доир шуд