Имрӯз дар Ереван ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД баргузор мешавад

Ноябрь 23, 2022 10:00

ДУШАНБЕ, 23.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 23 ноябр дар Ереван ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) баргузор мешавад, ки дар он сарони кишварҳои узв масоили ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби ин созмон ва мушкилоти минтақавиро баррасӣ хоҳанд кард. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора хадамоти матбуоти СААД хабар дод.

Интизор меравад, ки дар ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзанд.

Илова бар ин, имрӯз ҷаласаи муштараки вазирони корҳои хориҷӣ, мудофиа ва котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои узви СААД дар назар аст. Иштирокчиён якчанд санадҳо, аз ҷумла эъломияи ниҳоиро, ки барои тасвиб расонидан ба сарони давлатҳо пешниҳод карда мешаванд, тасдиқ хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, ки Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ 15 майи соли 1992 дар шаҳри Тошканд (Узбекистон) аз ҷониби сарони шаш кишвари узви ИДМ – Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон ва Узбекистон ба имзо расид. Моҳи сентябри соли 1993 Озарбойҷон, моҳи декабри ҳамон сол Гурҷистон ва Беларус ба он шомил шуданд.

Аҳднома 20 апрели соли 1994 ба муҳлати панҷ сол эътибор пайдо кард.

Моҳи апрели соли 1999 Протокол оид ба тамдиди Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ аз ҷониби шаш кишвар (ба истиснои Озарбойҷон, Гурҷистон ва Узбекистон) ба имзо расид.

14 майи соли 2002 Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) таъсис ёфт, ки Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия ва Тоҷикистонро муттаҳид мекард. Моҳи июни соли 2006 «Дар бораи барқарор кардани узвияти Ҷумҳурии Узбекистон дар СААД» қарор қабул карда шуд, аммо моҳи декабри соли 2012 узвияти ин кишвар қатъ гардид. Ҳоло шаш давлат, аз ҷумла Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия ва Тоҷикистон узви СААД мебошанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 23, 2022 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Изҳороти Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
«ҲАМКОРӢ–2026». Дар Хатлон машқҳои муштараки стратегӣ гузаронида шуданд
44 ҲОДИСАИ РОҲУ НАҚЛИЁТ ДАР ДУШАНБЕ. Бо мақсади коҳиши сатҳи садаманокӣ амалиёти «Пиёдагард» доир мешавад
Дар шаҳри Бӯстон нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид
Мотосиклронҳои шаҳри Душанбе ғолиби пойгаи мотосиклронӣ барои Ҷоми Раиси вилояти Хатлон шуданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ба муносибати Рӯзи қушунҳои дохилӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд