КОНСТИТУТСИЯ АЗ ОНИ ХАЛҚ БУДА, БА ХАЛҚ ХИЗМАТ МЕНАМОЯД. Он муҳимтарин ҳуҷҷат барои ҷамъият аст

Ноябрь 6, 2022 08:40

ДУШАНБЕ, 06.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 28 сол қабл,  6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд, ки он  аз санади барои миллати тоҷик хеле муҳим- Эъломияи ҳуқуқи башар сарчашма мегирад. Дар моддаи якуми Конститутсия маҳз ҳамин чиз таъкид  карда шудааст:  Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ мебошаду давлат парастории камбизоатон, ятимону бепарасторон, пирони барҷомондаву дастнигарро бар уҳда мегирад. Чунин иброз намудааст Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Бахтиёр МАҲМАДАЛӢ дар мақолаи хеш, ки  бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» ирсол намудааст. Муаллиф дар идома чунин нигоштааст:

       —Ин моҳ миллати тоҷик чандин санаи таърихиро таҷлил менамояд, аз ҷумла Рӯзи Конститутсия, Рӯзи Президент ва Рӯзи Парчами давлатӣ, ки ҳамаи ин барои миллати сарбаланди тоҷик ҷашнҳои муқаддас маҳсуб мешаванд. Доштани ҳама рамзҳои муқаддаси давлат ва арҷгузориву эҳтиром ба он нишон аз озодагиву осудагӣ ва соҳибихтиёриву соҳибиродагии миллати сарбаланди тоҷик мебошад.

           Ёдовар шудан ба маврид аст, ки Конститутсия санади олӣ буда, мустақиман амал менамояд ва ба санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии байналмилалӣ ҷавобгӯст.  Ҳарчанд мо  чунин санад доштем, аммо он ҳама аҳдофу ниятҳои давлату миллатро бароварда намесохт ва ба талаботи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷавобгӯ набуд. Дар Конститутсия имрӯз ба гуманизм, нақши инсон ва озодиҳои ӯ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад ва дар он моддаи алоҳида дар бораи инсон ва озодиҳои ӯ мавҷуд аст, ки ин аз кафолати ҳифзи арзишҳои инсонӣ шаҳодат медиҳад.  Ба ибораи дигар бигӯем, ин санади муқаддас, ки бо назардошти ирода ва манфиатҳои аксари мутлақи мардуми ҷумҳурӣ ва роҳи рушди ояндаи давлатамон таҳия ва пазируфта шудааст, сохти давлатдорӣ ва низоми ҳаёти ҷомеаи нави Тоҷикистонро муайян намуда, ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар мамлакатамон асоси боэътимод гузошт.

Конститутсия заминаҳои асосии сохторҳои давлатӣ ва низоми сиёсиро тағйир дода, низоми идоракунии авторитариро ба рақобати озоди сиёсӣ ва муҳокима иваз намуд ва дар Тоҷикистон барои густариши ҷомеаи шаҳрвандӣ шароити мусоид фароҳам овард.

Муҳимтар аз ҳама, Конститутсияи нахустини Тоҷикистони соҳибистиқлол имконият дод, ки мо ба сафи давлатҳои демократии ҷаҳони муосир ворид шавем ва ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардем.

Роҷеъ ба Конститутсия, ки миёни ҷомеа ҳамчун Қонуни асосӣ  низ маъруфият дорад, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳори андеша намуда буданд: «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат роҳнамои ҳамешагии мо хоҳад буд».

Ёдовар шудан  зарур аст, ки  тибқи моддаи 6-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ мебошад. Чунин меъёр бори дигар исбот менамояд, ки манбаи ҳокимияти давлатиро халқ ташкил медиҳад. Ба таври дигар бигӯем, Конститутсия аз они халқ буда, ба халқ хизмат менамояд.

Ҳамагон хуб шоҳидем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба тақдири шаҳрвандон бетараф нестанд ва ҳамеша ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Ҳамин аст, ки аз ҷониби Сарвари давлат ба соҳаи муҳим ва калидӣ барои ҷомеа- илму маориф  таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мешавад. Дар Конститутсия- санади тақдирсози миллат қонунҳо дар бораи маориф ва макотиби миёна ва олӣ мавҷуданд, ки ин кафолати пешрафти соҳаи мазкур мебошад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли мавҷудияташ  барои қавию ғанӣ гардонидани пояҳои давлату давлатдорӣ, қонуният, волоияти қонун ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон хизмат карда, минбаъд низ симои сиёсӣ ва обрӯю эътибори Тоҷикистонро дар ҷаҳони муосир муаррифӣ менамояд.

Шаҳрвандони ҷумҳурӣ метавонанд аз ин ҳуҷҷати муҳиму тақдирсоз ҳамчун бахтномаи миллат истифода намоянд ва он муҳофизи аслии шаҳрвандон дар низомҳои идорӣ мебошад.

Бахтиёр МАҲМАДАЛӢ,
Ректори Донишкадаи
кӯҳию металлургии Тоҷикистон

АКС аз манбаъҳои боз

 

Ноябрь 6, 2022 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«ОТАШИ ҶАШНИ САДА ОТАШИ МЕҲРИ ВАТАН АСТ». Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор шуд
ҲАРОРАТИ ГЛОБАЛИИ ҲАВО БА 1,5 ДАРАҶА РАСИДААСТ. Ин ба уҳдадории давлатҳо дар доираи Созишномаи Париж мухолифат мекунад
Президенти Тоҷикистон: «Кишоварзони мамлакат бояд ба масъалаи парваришу захираи тухмиҳои беҳтарин ва ниҳолҳои серҳосил таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Се ҷашни миллии мо – Наврӯз, Сада ва Меҳргон аз ҷониби мардуми фарҳангпарвари ҷаҳон пазируфта шудаанд»
«ОЛАМИ ГУЛДӮЗИИ ТОҶИКОН». Ин китоб мероси пурарзиши тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд
Вобаста ба омодагӣ ба баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Cоли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ҳамоиш доир шуд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН. Созмони Милали Муттаҳид ба таҷлили Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо оғоз намуд
Дар Созмони Милали Муттаҳид Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо оғоз гардид
Масъуд Пизишкиён: «Дар Тоҷикистон эҳсоси ғурбат намекунам»
Эмомалӣ Раҳмон Масъуд Пизишкиёнро ба ҷашни Наврӯз даъват намуданд
НАЗАРИ КОРШИНОС. Робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон бар пояи пайвандҳои таърихӣ асос ёфтаанд
САДА, ИН ПАРТАВИ ХУРШЕДИИ ИСТИҚЛОЛ АСТ! Имсол ин ҷашни бостониро дар Тоҷикистон 25-26 январ ҷашн мегиранд