Муайян гардид, ки аз аввали соли 2022 чанд нафар шаҳрвандони Россия аз Тоҷикистон дидан кардаанд
ДУШАНБЕ, 08.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз моҳи январ то сентябри соли 2022 аз Тоҷикистон беш аз 870,7 ҳазор нафар хориҷиён дидан кардаанд, хабар медиҳад Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ин рақам дар муқоиса нисбат ба соли гузашта, ки 526,7 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ вориди кишвар шуда буданд, 2,5 баробар бештар аст.
Аз 870,7 ҳазор нафар беш аз 685,3 ҳазор нафарашон сайёҳ ҳисобида мешаванд. Давоми сол ин нишондиҳанда 3,7 баробар афзудааст.
Бештари шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон аз Узбекистон, Россия ва Қазоқистон ворид шудаанд.
Таносуби шумора дар маълумот ба таври зерин тақсимбандӣ гардидааст:
— шаҳрвандони Узбекистон — 575,1 ҳазор нафар (66 фоиз аз шумораи умумӣ);
— шаҳрвандони Россия — 225 ҳазор нафар (25,8 фоиз);
— шаҳрвандони Қазоқистон — 18 ҳазор нафар (2,1 фоиз).
Инчунин аз аввали соли 2022 шаҳрвандони ИМА ба Тоҷикистон – 5,4 ҳазор нафар (0,6 фоиз), Туркия – 5,2 ҳазор нафар (0,6 фоиз), Қирғизистон – 3,5 ҳазор нафар (0,4 фоиз), Афғонистон – 2,5 ҳазор нафар ( 0,3 фоиз) ва шаҳрвандони дигар давлатҳо ворид шудаанд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд






