Намояндаи Тоҷикистон дар конфронси СИТЕС дар Панама иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 29.11.2022/АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Панамаи Ҷумҳурии Панама Конфронси 19-уми тарафҳои Конвенсия оид ба савдои байналмилалии намудҳои ҳайвоноти ваҳшӣ ва набототи ёбоии зери хатари нобудшавӣ қарордошта (СИТЕС) баргузор гардид, ки дар он Тоҷикистонро муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулқодир Мавлодод намояндагӣ намуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ.
Дар конфронс муҳокимаи масъалаҳо миёни кишварҳо вобаста ба амалишавии Конвенсияи мавриди назар оид ба ҳифз ва савдои байналмилалии намудҳои ҳайвоноти ваҳшӣ ва набототи ёбоӣ сурат гирифта, ҳамчунин масъалаҳои марбут ба татбиқи ҳамоҳангсозии сиёсати экологӣ дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилали доир гардид.
Зимни иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конфронс мавқеи кишвар вобаста ба якчанд масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ дар самти савдои байналмилалии намудҳои ҳайвоноти ваҳшӣ ва набототи ёбоӣ мушаххас гардида, вохӯриҳои дуҷониба бо намояндагони Шӯрои байналмилалии шикор ва ҳифзи олами ҳайвоноти ваҳшӣ, Котиботи Конвенсияи СИТЕС, ҳайати Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка баргузор шуд.
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар конфронс ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият дод, ки ҳамкориро бо Котиботи Конвенсия оид ба савдои байналмилалии намудҳои ҳайвоноти ваҳшӣ ва набототи ёбоии зери хатари нобудшавӣ қарордошта тақвият бахшад.
Инчунин ҳамкории байналмилалӣ вобаста ба ҷалби сармояи хориҷӣ ва татбиқи лоиҳаҳои нав вусъат дода шавад.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Кишти зериплёнкавии пунбадона аз усулҳои муосири агротехникӣ ба ҳисоб меравад
Корхонаи навбунёди «Шири Ҷайҳун» 10 намуд маҳсулот истеҳсол менамояд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд






