Соҳибкорони тоҷик дар Намоишгоҳи байналмилалии «India Stonemart-2022» иштирок намуданд

Ноябрь 11, 2022 15:10

ДУШАНБЕ, 11.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 10 ноябр дар шаҳри Ҷайпури Ҷумҳурии Ҳиндустон Намоишгоҳи байналмилалии саноати санг «India Stonemart-2022»  бо ташаббуси Маркази рушди сангҳо (CDOS) дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди давлатии рушди саноат ва сармоягузории иёлоти Раҷастон (RIICO) ва Федератсияи палатаҳои савдо ва саноати Ҳиндустон расман ифтитоҳ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Палатаи савдо ва саноати кишвар хабар доданд.

Бо мусоидати Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон корхонаҳои истеҳсолӣ, соҳибкорони инфиродӣ, аъзои  Палатаи савдо ва саноат, ҶДММ «Хорои Хуҷанд», ҶДММ «Санги Сомон» ва ҶДММ «Са-рэй», ки дар самти коркарди сангҳои ороишӣ фаъолият мебаранд, дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ иштирок намуданд. Онҳо  бо ширкатҳои ҷумҳуриҳои Хиндустон ва дигар иштиркчиёни намоишгоҳ вохӯриҳо гузаронида, дар форуму сенминарҳо иштирок менамоянд.

Иштирок дар ин намоишгоҳ ба соҳибкорони ватанӣ имконият медиҳад, ки таҷрибаи кишварҳои пешрафтаро омӯзанд,  шарикони ҳамкор дарёфт намоянд ва барои ташкили корхонаҳои муштарак шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида, содироти маҳсулотро ба хориҷа ба роҳ монанд.

Намоишгоҳи  байналмилалии «India Stonemart-2022» дар шаҳри Ҷайпур то 13 ноябр идома меёбад.

Акс: ПСС ҶТ

Ноябрь 11, 2022 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд