ТАМОМИ ТАВАҶҶУҲ ЧУН 30 СОЛ ПЕШ БА ҚАСРИ «АРБОБ» РАВОНА ГАРДИДААСТ. Хабарнигори махсуси АМИТ «Ховар» дар бораи таърих ва аҳамияти ин маҷмааи нодир нақл мекунад

Ноябрь 16, 2022 11:00

ДУШАНБЕ, 15.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар ин рӯзҳо тамоми таваҷҷуҳ аз нав ба Қасри Арбоб нигаронида шудааст, чун 30 сол пеш, замоне, ки дар он ҷо Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон даъват шуда буд. Воқеан, на танҳо иҷлосия, балки ин маҷмааи нодир низ таърихӣ маҳсуб мешавад.

Дар бораи таърих ва аҳамияти он мухбири махсуси АМИТ «Ховар» дар вилояти Суғд нақл мекунад.

Макони ҷойгиршавӣ

Қасри фарҳанги «Арбоб» (Қасри «Арбоб»)- маҷмааи кӯшкию гулгаштиест, ки 6 километр дуртар аз Хуҷанд дар ноҳияи Ғафурови вилояти Суғд воқеъ гардидааст. Он солҳои 1950-ум дар теппаи Арбоб чун шакли ихтисоршуда ва тағйирёфтаи Қасри Перергофский, воқеъ дар наздикии Санкт-Петербурги Россия сохта шудааст.

Дар солҳои ҳокимияти шӯравӣ ин бино ҳамчун маркази маъмурии хоҷагиҳои кишоварзии вилоят хизмат мекард. Қасри фарҳанги «Арбоб» дар тарафи паҳлӯии пули коғазии асъори миллии дорои арзиши панҷ дирам тасвир шудааст.

Лоиҳакашӣ ва сохтмони маҷмаа соли 1946 оғоз шуда, тибқи мувофиқаи пешакӣ бо кумитаи вилоятии ҲКИШ-и Ленинград то соли 1957 идома кард. Мувофиқи маълумоти дигар, сохтмон соли 1959 ба анҷом расида будааст. Бинои асосӣ дорои се қанот буда, дар қаноти асосиаш театр бо ғунҷоиши 800 нафар ҷойгир аст.

Дар қаноти ҷанубӣ дар айни замон осорхона ҷойгир аст, ки дар бораи таърихи “Арбоб” ва муттаҳидкунонӣ (бунёди колхозҳо), ки дар даврони шӯравӣ дар Тоҷикистон гузашт, нақл мекунад.

Таърих

Бинои марказӣ солҳои 50-ум бо роҳбарӣ ва ташаббуси ду карат Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, раиси колхози «Москва» Саидхоҷа Урунхоҷаев, ки дар Тоҷикистон ҳамчун навовари истеҳсолоти хоҷагии коллективӣ маъруф аст, сохта шуда буд.

ДАР АКС: раиси колхози «Москва», ду карат Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Саидхоҷа Урунхоҷаев ва шоири машҳури тоҷик Мирзо Турсунзода дар толори маҷлисгоҳи Қасри Кремл, апрели соли 1958. Акс аз бойгонӣ.

Урунхоҷаев боре ба Петергоф (Ленинград) рафта, қасрҳои машҳурро дида, меъморони Ленинградро ба колхоз даъват кард, ки онҳо нусхаи хурди яке аз ин гуна қасрҳоро сохтанд. Тибқи маълумоти дигар, муаллифи лоиҳа раиси бахши тоҷикистонии Иттифоқи меъморони СССР (1948-1959) Ҳикмат Юлдошев мебошад.

Дар саҳифаҳои китоби дарсии таърих навишта шудааст, ки сохтмони ин қаср моҳи феврали соли 1951 оғоз шуда, санги аввалинро ба таҳкурсии бино собиқ котиби якуми КМ Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, ҳоло Қаҳрамони Тоҷикистон марҳум Бобоҷон Ғафуров гузоштааст.

Сохтмони қаср 7 ноябри соли 1957 ба шарафи 40-солагии ғалабаи Инқилоби Октябрь ба охир расид. Ба маросими ифтитоҳи Қаср Раиси Шӯрои вазирони ИҶШС Георгий Маленков омада, ҳангоми сохтмони ин иншоот худи Иосиф Сталин аз он дидан кардааст.

Инак, ин бинои муҳташам зиёда аз 70 сол боз хизмат мекунад. Имрӯз он на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он низ дар баробари чанд иншооти нодири ҷаҳон, аз қабили қасрҳои Россия, Тоҷмаҳали Ҳиндустон, аҳромҳои Миср, бурҷи Эйфел дар Фаронса ҳамчун қасри ҷолиби диққати таърихӣ-фарҳангӣ, макони боздиди сиёсатмадорон, ходимони илму маориф, адабиёт ва санъат, зиёратгоҳи сайёҳон аз саросари ҷаҳон ва гӯшаҳои гуногуни кишварамон маъруф аст.

Намои нав

Бино соли 1992, замоне ки дар он Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон баргузор гардида, зимни он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии мамлакат интихоб гардиданд, аҳамияти хосса пайдо кард.

Шурӯъ аз 20 январи соли 2011 бо қарори Раиси вилояти Суғд Қасри «Арбоб» дар тавозуни раёсати фарҳанги вилоят қарор дошта, мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Соли 2012, дар ҷашни солгарди Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қасри «Арбоб» бозсозӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Аз 15 декабри соли 2012 инҷониб дар Қаср экскурсияҳои ҳарҳафтаина барои мактаббачагон, донишҷӯён ва шаҳрвандон гузаронида мешаванд. Барои сайёҳони хориҷӣ, ки ба вилояти Суғд меоянд, Қасри «Арбоб» ба иншооти асосӣ барои боздид табдил ёфтааст.

Бо пайдо шудани фаввораҳои нав маҷмааи қушкию гулгаштӣ дигаргун гардид.

Тавре директори Қасри «Арбоб» Абдузафар Иномов ба мо гуфт, дар ҷашни 20-умин солгарди Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон (19 ноябри соли 2012) дар ин қаср намояндагони даҳҳо миллат ва сафирони чандин кишварҳои ҷаҳон ширкат доштанд.

Моҳи марти соли 2015 дар паҳлӯи Қасри фарҳанг бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бинои нави амфитеатр ифтитоҳ ёфт, ки ба маҷмааи қасру боғҳо дохил мешавад. Амфитеатри маҷмааи «Арбоб» шакли нимдоира дошта, масоҳати 3,5 гектарро дар бар гирифта, барои 7000 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.

ДАР АКС: Қасри маданияти Арбоб дар пули коғазии 5-дирама.

Инчунин дар ин иншооти фарҳангию варзишӣ минбар барои меҳмонони баландпоя мавҷуд буда, барои машқи варзишгарон ва тамрини ҳунармандон утоқҳои алоҳида ҷудо карда шудаанд. Иншоот дорои 2 толори маҷлисӣ ва дигар утоқҳои ёрирасон мебошад.

Андозаи саҳнаҳо барои баргузории барномаҳои фарҳангию фароғатӣ шакли ҷолиб дошта, 80х54 метрро ташкил медиҳад. Саҳна ва гӯшаҳои амфитеатр бо сутунҳои нақшин оро дода шудаанд. Даромадгоҳи амфитеатрро низ фаввораҳои курашакл, ҳудуди амфитеатрро дарахтони ороишӣ, гулзор ва буттаҳо оро медиҳанд.

Тавре қаблан хабар расида буд, бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри «Арбоб», ки макони баргузории ҷашн маҳсуб мешавад, боғи фарҳангию фароғатӣ бунёд карда мешавад. Дар ҳудуди боғ аз ҷониби фаъолон дарахтони магнолия, буттаҳои ҳамешасабзи ороишӣ ва 10 ҳазор бех гулҳои мавсимии ороишӣ шинонида шуданд. Дар ин боғ ҳамчунин бузургтарин муҷассама дар шакли китоб сохта шуда истодааст, ки аз 30 саҳифа иборат буда, ҳар яки он таърихи гузаштаи мардуми тоҷикро инъикос мекунад.

Толор ва даромадгоҳи Қасри «Арбоб» пурра тармим ва навсозӣ шуда, дохили бино низ ороиш ёфта, тармим шудааст. Ба онҳо технологияҳои нави замонавӣ васл карда шуда, фаввораҳои беназир шукӯҳу шаҳоматашонро афзун мекунанд.

Комилан рамзист, ки фардо, 16 ноябр Тоҷикистон 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии китшварро таҷлил менамояд. Ин яке аз санаҳои бузургест, ки дар таърихи тоҷикон нақши муҳим дорад.

Иҷлосияи тақдирсози Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки маҳз моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри «Арбоб», дар рӯзҳои душвори парешонӣ, парокандагӣ, шубҳа, тарсу ҳарос ва муборизаи дохилӣ баргузор гардид, ба мо туҳфаи бебаҳо – Пешвои миллатро тақдим намуд. Маҳз дар ҳамин иҷлосияи тақдирсоз миллат ва давлати мо аз нобудӣ наҷот ёфта, дар ҷумҳурӣ сулҳу субот пойдор гардид.

Саъдулло МАҲКАМ,
мухбири махсуси АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

 

Шинос шавед: хабарнигори мо дар вилояти Суғд:

МАҲКАМОВ Саъдулло Сайфуллоевич 2 июни соли 1969 дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд таваллуд шудааст. Соли 1994 факултаи иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Дар Институти химияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба сифати лаборант, дар мақомоти гумрук, ҳамчун сармутахассис ва мудири бахш дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан фаъолият намудааст.

15 июни соли 2022 ба ҳайси хабарнигори АМИТ «Ховар» дар вилояти Суғд ба кор шурӯъ намуд. Аз моҳи майи соли 2020 ҳамзамон дар вазифаи муовини сармуҳаррири ҳафтаномаи вилоятии кӯдакону наврасон «Корвони умед» кор мекунад.

Оиладор. Ба ғайр аз забони модариаш — тоҷикӣ забонҳои русӣ ва узбекиро медонад.

 

Ноябрь 16, 2022 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ