ТАСС: Россия квота барои донишҷӯёни тоҷикро то ҳазор ҷои буҷавӣ афзоиш медиҳад
ДУШАНБЕ, 10.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Россия ба зудӣ теъдоди ҷойҳои буҷавӣ дар донишгоҳҳоро барои шаҳрвандони Тоҷикистон то ҳазор ҷо ва бештар аз он афзоиш медиҳад. Дар ин бора ба ТАСС муовини Раиси Ҳукумати Россия Алексей Оверчук рӯзи чоршанбе зимни ҷамъбасти натиҷаҳои ҷаласаи 18-уми комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Россия оид ба ҳамкории иқтисодӣ, ки ҳамраиси он аст, хабар дод.
«Квотаҳои таҳсили донишҷӯёни тоҷикро дар Россия беш аз ҳазор нафар ва зиёда аз он низ афзоиш хоҳем дод», — гуфт Оверчук.
Ба гуфтаи ӯ, ҷонибҳо дар баробари масъалаи маориф ва фарҳанг ба соҳаи сармоягузорӣ низ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд. «Аз ҷониби Тоҷикистон имконияти хеле хуби сармоягузорӣ пешниҳод шудааст, ки мо онҳоро баррасӣ хоҳем кард. Гурӯҳи махсусе таъсис медиҳем, ки ин масъаларо дида барояд»,-зикр намуд муовини сарвазир. Ӯ инчунин дурнамои ҳамкориро дар соҳаи кишоварзӣ, саноати нассоҷӣ, имкони дастгирии лоиҳаҳоро дар соҳаи илмию технологӣ зикр намуд.
Зимни ҷаласа муовини сарвазир ҳамчунин зикр намуд, ки ҳаҷми сармоягузории ҷамъшудаи Россия дар Тоҷикистон аллакай ҳудуди 1,6 миллиард долларро ташкил медиҳад. Ӯ ёдовар шуд, ки моҳи сентябр бо мақсади тақвият додани ҳамкорӣ дар Душанбе Форуми сармоягузории «Тоҷикистон-Россия» доир гардид. Дар он тақрибан 50 ширкат иштирок намуда, аз рӯи натиҷаҳои он якчанд санадҳо дар соҳаҳои кластери нассоҷӣ, саноати маъдану коркард ва ғайра ба имзо расиданд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»,
Акс: ТАСС








Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар “Боғи Ирам” Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид






