Тоҷикистон ва Туркия зарурати тақвияти ҳамкориро миёни ВАО таъкид карданд
ДУШАНБЕ, 09.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 8 ноябр вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов бо Мудири кулли Агентии иттилоотии «Анадолу»-и Туркия Сердар Карагоз доир шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Тоҷикистон дар Анқара хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор намуда, зарурати тақвияти ҳамкориро миёни ВАО-и Тоҷикистон ва Туркия таъкид карданд.
Хотирнишон месозем, ки миёни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва Агентии иттилоотии Ҷумҳурии Туркия «Anadolu Ajansi» лоиҳаи Созишнома дар бораи ҳамкории тарафайн, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ёфтааст, барои имзо омода гардидааст.
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Анқара








Идибек Қаландар дар Муколамаи сатҳи баланди сиёсӣ ва амниятии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон дар Давлати Кувайт бо Дабири кулли Муколамаи ҳамкории Осиё мулоқот намуд
Мероси Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар нишасти байналмилалӣ дар Теҳрон баррасӣ гардид
Мусоҳибаи Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон Зубайдулло Зубайдзода бо рӯзномаи «Умон»
Идибек Қаландар бо муовини Дабири кулли Хадамоти амалиёти хориҷии Аврупо мулоқот намуд
Дар Теҳрон масоили рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи нақлиёт баррасӣ гардид
Қоҳир Расулзода ҳамдардии амиқи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистонро ба давлат ва мардуми Давлати Қатар иброз намуд
Таҳкими ҳамкорӣ байни сохторҳои дахлдори иқтисодии Тоҷикистон ва Умон баррасӣ шуд
Дар Ню-Йорк натиҷаҳои Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба об дар Душанбе муаррифӣ шуданд
Дар Масқат рушди ҳамкории Тоҷикистону Умон дар соҳаҳои гуногун баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари Раёсати Осиё ва Уқёнуси Ороми Вазорати корҳои хориҷии Олмон мулоқот намуд
Қатъномаи СММ оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» дар Вена муаррифӣ гардид






