Тоҷикистон яке аз пешсафони рейтинги ҷаҳонии фарогирии кӯдакон ба таҳсили томактабӣ гардид

Ноябрь 10, 2022 11:48

ДУШАНБЕ, 10.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон дар радифи 10 кишвари ҷаҳон барои ҷалби кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар ҷойи дуюм қарор гирифт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба нашрияи «Finance Inquirer», ки натиҷаи таҳқиқоти байналмилалии RGCA (Гурӯҳи тадқиқотии Осиёи Марказӣ), маълумоти ЮНИСЕФ, Бонки ҷаҳонӣ ва OECD (Ташкилоти ҳамкории иқтисодӣ ва рушд) рейтинги динамикаи ҷалби кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабиро нашр кардааст, хабар медиҳад.

Дар радифи 10 кишвари ҷаҳон Узбекистон бо 59 фоизи ҷалби кӯдакон дар ҷои аввал, Тоҷикистон бо 33 фоизи ҷалби кӯдакон дар ҷои дуюм ва Беларус бо 7 фоиз дар ҷойи сеюм қарор гирифтааст.

Гуфта мешавад, ки дар ин ҳисобот тамоюлҳои дарозмуддати таҳсилоти ибтидоии кӯдакон дар солҳои 2018-2020 шарҳу тафсир шудаанд. Тибқи  маълумоте, ки дар ин ҳисобот оварда шудааст, вазъи таълиму тарбияи томактабӣ дар аксари минтақаҳо ё рӯ ба рукуд овардааст ё ба минтақаи рушди манфӣ гузаштааст. Ин дар ҳоле мебошад, ки якчанд кишварҳо дар ҳолати рушди назаррас қарор доранд. Ба шумори чунин кишварҳо Россия, ИМА, Британияи Кабир, Австралия, Зеландияи Нав ва амсоли он дохил мешаванд.


Ҳукумати Тоҷикистон  барои фарогирии бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ, дастрасӣ ба таҳсилоти босифат, таъмини шарикии бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ талош меварзад. Далели он таҳия ва тасдиқи «Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027» мебошад, ки дар доираи  он дар ду марҳила: солҳои 2022-2024 ва 2025-2027 дар маҷмӯъ 134 муассисаи томактабии хусусӣ ва 114 муассисаи таҳсилоти умумии хусусӣ дар миқёси ҷумҳурӣ сохта, ба истифода дода мешаванд.

Ба иттилои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи мазкур шароит фароҳам меорад, ки дар ду марҳила: солҳои 2022-2024 ва 2025-2027 мутобиқи нақша муассисаҳои таълимии томактабии хусусӣ ва миёнаи умумии хусусӣ таъсис шуда, рақобатпазирӣ дар гирифтани таҳсили босифати томактабию умумии хусусӣ таъмин гардад.

Тибқи барномаи мазкур, заминаи  моддӣ-техникии муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ беҳтар гардонида шуда, шартҳои ташкили  муассисаҳои таълимии хусусӣ бо ҷалби соҳибкорон ба соҳаи маориф мукаммал мегардад. Инчунин дастгирии давлатӣ тақвият ёфта, механизмҳои ҳавасмандгардонии бахши хусусӣ такмил меёбанд.

«Яъне, тибқи нақшаи барномаи мазкур бояд соҳибкорон  аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дастгирӣ ёбанд, то онҳо имконият пайдо намоянд, ки муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ таъсис диҳанд», — иттилоъ доданд дар Вазорати маориф.

Ба иттилои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳоло дар ҷумҳурӣ 718 муассисаи томактабӣ (Суғд-285, Хатлон-165, Душанбе-157, НТҶ-85 ва ВМКБ-26) фаъолият менамоянд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 (696) 22 муассиса бештар мебошад.

Дар баробари ин, дар ҷумҳурӣ 1810 маркази инкишофи кӯдак (Душанбе-17, НТҶ-277, ВМКБ-284, Суғд-382, Хатлон-850) фаъолият менамоянд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2021 (1764) 46 адад зиёд мебошад. Дар миқёси ҷумҳурӣ 70 маркази хусусии инкишофи кӯдак ҳамчун шакли дигари фарогирии кӯдакони синни томактабӣ бо ҷалби 1562 кӯдак амал мекунад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»/Finance Inquirer

Ноябрь 10, 2022 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ оғоз гардид
Сарчашмаи сулҳу субот, зиндагии шоиста ва эҳёи тамоми унсурҳои арзишманди ҷомеа дониш аст
Дар ноҳияи Рӯдакӣ ба 60 хонандаи ятиму камбизоат либоси мактабӣ тақдим гардид
Дар Рӯзи дониш дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон дастовардҳои илмию варзишӣ намоиш дода шуданд
Ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар Академияи миллии илмҳо ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор шуд
НАЗДИК СОХТАНИ ИЛМИ АКАДЕМӢ БА ИСТЕҲСОЛОТ. Дар робита ба суханронии Президенти Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ
Бахшида ба Рӯзи дониш дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷамъомад доир шуд
«ДОНИШ ВА СУЛҲ». Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе соли нави таҳсил оғоз гардид
Дар Суғд ба муносибати Рӯзи дониш ҳамоиш доир гардид
Дар Рӯзи дониш бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Вакили Маҷлиси намояндагон бо хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор вохӯрӣ намуд
РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ. Он падидаи иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва омили таҳкими рушди устувори маориф аст