Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи аввали зимистон 1 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад

Декабрь 1, 2022 11:01

ДУШАНБЕ, 01.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 1 декабр рӯзи нахустини фасли зимистон аст. Тибқи таҳлилҳои мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, моҳи аввали фасли зимистони имсола дар Тоҷикистон аз меъёри иқлим 1 дараҷа гарм пешгӯӣ карда мешавад, ки он ба моҳи декабри 2009 шабоҳат дорад.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳи декабр дар Тоҷикистон аз меъёр як дараҷа гармтар ва дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа паст пешгӯӣ мешавад. Инчунин тибқи таҳлилҳои ҳавошиносон, моҳи декабр дар ҷумҳурӣ фаромадани туман ва вазидани шамолҳои бошиддат дар назар дошта шудааст.

Дар шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон ва навоҳии тобеи марказ ҳарорати миёнаи ҳаво моҳи декабр 6+8 дараҷа мешавад. Дар водиҳо 4+6 ва дар ноҳияҳои доманакӯҳ то 2+4 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Дар даҳрӯзаи аввал ҳавои камбориш ва дар даҳаи дуюму сеюми моҳ пастшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мешавад.

Моҳи декабр дар вилояти Суғд ҳарорати миёнаи аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа паст пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои водигӣ 1+3 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ 2-4 дараҷа хунукиро ташкил медиҳад.

Дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа паст пешгӯӣ шуда, ҳаво то 1-6 дараҷа хунук мешавад.

Дар шарқи ВМКБ ҳаво 14-19 дараҷа хунукиро ташкил медиҳад. Дар даҳрӯзаҳои аввал ва дуюми моҳ ҳаво шабона то 15-20 дараҷа хунук ( дар мавзеи Булункӯл то 22-27 дараҷа хунук), рӯзона 2-7 дараҷа хунук (дар мавзеи Булункӯл то 6-11 дараҷа хунук) пешгӯӣ мешавад. Даҳрӯзаи сеюми моҳ пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар дошта шуда, шабона то 24 ва рӯзона то 11 дараҷа хунук мешавад.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Декабрь 1, 2022 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии хатари офатҳо беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст
Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд