АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ. Хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорон тӯли шаш моҳ 400 калимаи русию англисӣ бояд аз худ намоянд

Декабрь 15, 2022 10:19

ДУШАНБЕ, 15.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми соли гузашта ба Маҷлиси Олӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба зарурати такмили таълими забонҳои хориҷӣ, пеш аз ҳама, русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таълимии мамлакат таваҷҷуҳ зоҳир намуда буданд. Бо ин мақсад аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Луғати вожаҳои серистеъмоли забони тоҷикӣ, русӣ, англисӣ» таҳия гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм.

«Луғати вожаҳои серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ-русӣ-англисӣ» (барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5 то 11) ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ)» дар ҳаҷми 400 калима таҳия шуда, барои хонандагону донишҷӯён ва устодони муассисаҳои таълимӣ дастури хуби таълимист.

Тавре Президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Муҳаммадовуд Саломиён иброз дошт, луғати мазкур дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Барномаи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳия гардидааст, ки хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти касбӣ онро бояд давоми 6 моҳ, яъне то охири декабри соли равон аз худ намоянд.

«Омӯзиши луғат имкон медиҳад, ки хонандагону донишҷӯёни зинаи таҳсилоти касбӣ аз вожаҳои серистеъмолтарини забонҳои муоширати байналмилалӣ, яъне русиву англисӣ бохабар бошанд, зеро омӯзиши ин ду забон зери таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад»,- гуфт Муҳаммадовуд Саломиён.

Президенти мамлакат зимни ироаи Паём иброз доштанд, ки «чаро ман ба ин ду забон ишора мекунам? Азбаски аз шаш забони СММ, ки ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ эътироф шудаанд, ду забон — русӣ ва англисӣ мебошанд…Умуман, зарур аст, ки таълими забонҳои хориҷӣ, махсусан, русиву англисӣ дар тамоми факултаву шуъбаҳои мактабҳои олӣ боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад», — гуфтанд Сарвари давлат.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 15, 2022 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар “Боғи Ирам” Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд