Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молия дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод конференсия баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 07.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 6 декабр бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молия, ки ҳамасола дар ҷумҳурӣ 7 декабр таҷлил мегардад, дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар мавзӯи «Муаммоҳои инкишофи низоми молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити гузариш ба иқтисодиёти индустриалӣ-инноватсионӣ» Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба донишгоҳи мазкур.
Дар конференсия муовини аввали Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода, Директори Агентии рушди бозори коғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсусгардонидашудаи Вазорати молия Нигина Абдураҳмонзода, сардори раёсати маблағгузории сармоягузории асосии давлатии сарраёсати буҷети давлатии Вазорати молия Бобохон Бобоев иштирок намуданд.
Ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод Ҳакимбек Абдуалимзода зикр намуд, ки «дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат низоми идоракунии молияи давлатӣ вобаста ба талабот ташаккул ёфт. Яке аз падидаҳои асосии ин низом- интишори пули миллӣ, пеш бурдани сиёсати пулию қарзӣ, такмили низоми андозбандӣ, таъмини шаффофият ва баланд бардоштани самаранокии хароҷоти буҷети давлатӣ мебошад. Барои мо, коллективи омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ бмояи ифтихор аст, ки муассиси ин таълимгоҳ Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад».
Муовини аввали Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода мавзӯи матраҳшавандаро мубрам ва барои ҳалли муаммоҳои молиявӣ ва иқтисодиёти ҷумҳурӣ муҳим арзёбӣ кард.
«Тайи солҳои охир ва бар асари паҳншавии бемории ҳамагир дар ҷаҳони мутамаддин буҳронҳои молиявию иқтисодӣ ба амал омаданд, ки ба иқтисодиёти кулли мамлакатҳо, аз ҷумла ба Тоҷикистон низ таъсир расониданд. Маҳз баргузории ин қабил конференсияҳо ба ҳалли муаммоҳои низоми молиявӣ дар заминаи илмӣ мусоидат мекунад»,- иброз дошт Ҷ.Каримзода.
Дар конференсия Директори Агентии рушди бозори коғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсусгардонидашудаи Вазорати молия Нигина Абдураҳмонзода дар мавзӯи «Рушди бозори сармоя дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», сардори раёсати маблағгузории сармоягузории асосии давлатии сарраёсати буҷети давлатии Вазорати молия Бобохон Бобоев дар мавзӯи «Такмили муносибатҳои байнибуҷетӣ- асоси рушди инноватсионии иқтисодиёт» сухан намуданд. Зикр шуд, ки пешбурди оқилонаи сиёсати молиявӣ ва муътадилии он дар ҳамаи давру замонҳо омили асосии устувории давлат мебошад.
Ҳамзамон аз ҷониби омӯзгорони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод доир ба мавзӯъҳои «Арзёбии самаранокии механизми танзимкунандаи фаъолнокии саноати Тоҷикистон» ва «Муаммоҳои ташаккули молияи рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯзаҳо шунида шуданд.
АКС: Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд






