Эмомалӣ Раҳмон арҷу эҳтиром гузоштанро нисбат ба омӯзгор аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим унвон карданд

Декабрь 23, 2022 12:35

ДУШАНБЕ, 23.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷу эҳтиромро нисбат ба омӯзгор аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим унвон карданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

«Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкуррасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем», — тазаккур доданд Сарвари давлат.

Зеро, ба гуфтаи Пешвои миллат,  агар мактабу омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷаи ин ҳама оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мешавад.

Сарвари давлат вобаста ба ин масъалаи муҳим бори дигар таъкид намуданд, ки бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад.  Бинобар ин, ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта  ва сармоягузорӣ ба ин соҳаро ба хотири рушди неруи инсонӣ арзёбӣ намуданд.

«Маҳз ба ҳамин хотир, мо дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста, барои рушди ин соҳаи муҳими низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро роҳандозӣ карда истодаем»,- таъкид намуданд Президенти мамлакат.

Ёдовар мешавем, ки Қарори Ҳукумати Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо барои омӯзгорони ҷавон» моҳи майи соли 2006 тибқи моддаи 41 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» бо мақсади пурзӯр намудани ҳифзи иҷтимоии мутахассисони ҷавони соҳаи маориф ва ҷалби онҳо ба фаъолияти омӯзгорӣ қабул шуда буд.

Тавре дар ин бора АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дода буд, тибқи  қонун, аз 1 январи соли 2007 давоми се соли аввали кор барои муаллимони ҷавоне, ки дорои маълумоти олии педагогӣ буда,  дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии шаклҳои гуногун кор мекунанд, имтиёзҳои зерин муқаррар карда мешаванд:

— бо тартиби ғайринавбатӣ ҷудо кардани замин барои сохтмони манзил;

— ба қадри имкон дар ноҳияҳои кӯҳистон барои боғу токзор чудо кардани замин;

– додани қарзҳои имтиёзнок барои хариди чорвои ширдеҳ ё парвариши 20 оилаи занбӯри асал.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ якҷоя бо Кумитаи давлатии идораи замини Тоҷикистон вазифадор карда шудаанд, ки масъалаи ҷудо кардани қитъаҳои заминро ҳал кунанд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 23, 2022 12:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷомеае, ки занони босавод, фаъол ва худшинос дорад, метавонад ба сӯи ояндаи равшан ва ободу осуда қадам гузорад
Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамкориро бо Донишгоҳи Вестминстер густариш медиҳад
Маркази миллии тестӣ барои дастгирӣ ва осонии кори довталабон дар ИМД-и соли 2026 чӣ тадбир андешидааст?
Давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
То соли 2030 дар Тоҷикистон 800 муассисаи нави томактабӣ бунёд карда мешавад
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Беш аз 15 ҳазор хатмкунанда бо шароити таҳсил дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад
«Барномаи рушди таълиму тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба нақши осори Саттор Турсун дар адабиёти муосири тоҷик ҳамоиш баргузор шуд
Даври якуми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД 2026 оғоз мегардад