Хизматрасонӣ ба сайёҳон дар фурудгоҳҳои байналмилалию маҳаллӣ ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ назорат карда мешавад
ДУШАНБЕ, 26.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ ташкил гардидааст, ки фаъолияти худро дар муосиргардонии нуқтаҳои қабули сайёҳон, хизматрасонии дуруст ба сайёҳони дохиливу хориҷӣ, аз ҷумла дар фурудгоҳҳои дорои аҳамияти байналмилалию маҳаллӣ ва гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ пеш мебарад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Имрӯз зимни ҳамоиш гурӯҳи корӣ ба сохторҳои марбута ҷиҳати таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудан ба қабулу гусели меҳмонон, ҳавасмандӣ ва ба роҳ мондани ҳамкории зичи сохторҳои марбутаи сайёҳии вилоят бо мақоми ваколатдор, вазорату идораҳои дахлдор ва шарикони рушд ҷиҳати татбиқи сиёсати босамари давлатии соҳаи сайёҳӣ тавсияҳои мушаххас пешниҳод намуд.
Гуфта шуд, ки солҳои охир таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати мамлакат ба соҳаи сайёҳӣ имкон дод, ки дар баробари афзун гардидани шумораи сайёҳон ширкатҳои сайёҳии ватанӣ низ зиёд гарданд. Дар панҷсоли охир ба ҷумҳурӣ беш аз 3,9 миллион нафар, аз ҷумла соли 2022 1 миллион нафар сайёҳон ворид гардидаанд. Дар ин давра барои пешниҳоди хизматрасонӣ ба онҳо беш аз 600 ва танҳо соли 2022 100 иншооти инфрасохтори сайёҳӣ ба истифода дода шуданд.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон аз 1 январи соли 2022 ҷиҳати ҷалби бештари сайёҳон ва сармоягузорони хориҷӣ барои шаҳрвандони 52 кишвари хориҷӣ иқдоми яктарафаи воридшавии бидуни раводид ҷорӣ намуд. Инчунин бо ин мақсад барои шаҳрвандони 126 давлати хориҷӣ пешниҳоди раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби содакарда шуда ҷорӣ гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки гурӯҳи кории байниидоравӣ фаъолияти худро дар муосиргардонии нуқтаҳои қабули сайёҳон, хизматрасонии дуруст ба сайёҳони дохиливу хориҷӣ, аз ҷумла дар фурудгоҳҳои дорои аҳамияти байналмилалию маҳаллӣ ва гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ марҳила ба марҳила амалӣ менамояд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди ҲҶТ








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоҳангсози миллии раддабандии байналмилалии «Донишгоҳҳои сабз» интихоб гардид
Дар комплекси сайёҳии Шаҳристон — эко резорт ба масофаи зиёда аз 5 километр таноброҳ сохта мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон бо лоиҳаи сармоягузорӣ барои бунёди комплекси сайёҳии Шаҳристон — эко резорт шинос шуданд
Душанбе мизбони DITE-2026 ва Форуми байналмилалӣ оид ба сайёҳии устувор мегардад
Имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллии Тоҷикистон дар Ҳафтаи фарҳангии «Ҷянсу – Осиёи Марказӣ 2026» муаррифӣ карда шуд
Дар Деҳкадаи сайёҳии ноҳияи Ховалинг 20 сокини маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди беш аз 20 намуди сайёҳӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Барои рушди ин навъи сайёҳӣ дар Тоҷикистон чӣ бояд кард?
ҶОИЗАИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ САЙЁҲӢ. Кумитаи рушди сайёҳӣ барои дарёфти он озмун эълон менамояд
ИДИ ТИРГОН — БРЕНДИ САЙЁҲИИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Дастовардҳои Тоҷикистон дар рушди сайёҳии экологӣ дар Боку муаррифӣ гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг Деҳкадаи сайёҳиро ифтитоҳ намуданд






