«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар Тоҷикистон намоишгоҳи даҳуми байналмилалӣ баргузор мегардад

Декабрь 12, 2022 15:00

ДУШАНБЕ, 12.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 14 то 16 декабр дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Намоишгоҳи даҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанги мамлакат.

Намоишгоҳи мазкур бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, дар он ноширони муваффақи ватаниву хориҷӣ китобҳои тозанашри хешро пешниҳоди дӯстдорону муштоқон ва аҳли фарҳангу маънӣ мегардонанд. Инчунин намояндагони сафоратҳои муқими Тоҷикистон китобҳои нависандагону шоирони хешро пешниҳод менамоянд.

Бояд гуфт, ки бо мусоидат ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2010 инҷониб ҳамасола баргузории намоишгоҳҳои байналмилалии китоб дар шаҳри Душанбе ба ҳукми анъана даромадааст.

Солҳои гузашта намоишгоҳи мазкур бахшида ба Рӯзи китоб, ки ҳамасола дар Тоҷикистон 4 сентябр баргузор мешавад, доир мешуд.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Декабрь 12, 2022 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯзи фарҳанги ноҳияи Данғара бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ доир шуд
Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Данғара, Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ баргузор мегарданд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Деваштич дар Душанбе баргузор гардид
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Хуросон доир шуд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Айнӣ дар шаҳри Душанбе пуршукуҳ баргузор гардид
Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Айнӣ, Хуросон ва Деваштич баргузор мегарданд
АДАБИЁТ ВА ВОҚЕИЯТИ ҲАЁТ
«Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ дар озмуни байналмилалӣ соҳиби Шоҳҷоиза гардид
Аз Душанбе 138 нафар ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» роҳхат гирифт
Китоби нав таҳти унвони «Роғун» ба табъ расид
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Айнӣ, Хуросон, Деваштич, Шаҳристон, Данғара ва Кӯҳистони Мастчоҳ баргузор мегарданд