«КОРИ НЕКУ НОМИ НЕК: ВОЛОНТЁР МЕШАВЕМ!». Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии ризокорон ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 05.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. «Кори хайру номи нек: волонтёр мешавем»- таҳти чунин унвон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии волонтёрон ҳамоиши тантанавӣ – фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳамоиши мазкур бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода, сардори Раёсати кор бо чавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода, роҳбарияти сохторҳои шаҳрӣ, муовинони раисони ноҳияҳои пойтахт, волонтёрону ҷавонони фаъол ва собиқадорони соҳаи волонтёрӣ доир гардид.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода иброз дошт, ки фаъолияти волонтёрӣ- ин майдони оғози рушди касбии ҷавонон аст, ки робитаи ҷамъиятиашонро тавсеа медиҳад. Дар гузашта низ миёни мардуми мо шаклҳои ҳаракати волонтёрӣ, ба мисли ҳашар вуҷуд доштанд.
«Кумак расонидан ва иҷрои корҳои ҷамъиятӣ аз қадим ба нафъи мардум буд, ки тавассути ин фаъолият бо ҳашар хона месохтанд, пулҳо бунёд менамуданд, дасти ҳамдигар мегирифтанд ва дигар мушкилоти худро бартараф мекарданд»,-афзуд Дилбар Одилзода.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода изҳор дошт, ки бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» фаъолияти ҷамъиятӣ рушд намуда, дар айни замон дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва сохторҳои маҳаллии он ҳазорҳо нафар ҷавон ба ҳайси волонтёр муттаҳид гардида, дар барномаҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ фаъолона иштирок карда истодаанд.
«Мактаби волонтёрӣ барои ҷавонон ҳамчун арсаи ба ҳам овардани имконият ва неруи созандаи онҳо ҷиҳати анҷом додани амалҳои хайрхоҳона, иштироки фаъол дар корҳои ҷамъиятии манфиатбахш ва раванди худташаккулёбӣ мусоидат мекунад»,-гуфт Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон.
Зимни ҳамоиш собиқадорони соҳаи волонтёрӣ ва ҷавонони фаъол бо сипосномаи раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе қадрдонӣ шуданд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон










Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд
МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд






