ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба тайёрии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба фасли сармо доир гардид
ДУШАНБЕ, 02.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 1 декабр ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023» баргузор гардида, дар он омодагии вилояти Суғд ба фасли сармо мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар хабар доданд.
Дар ҷаласаи мазкур намояндагони вазорату идораҳои соҳавӣ — аъзои Ситоди ҷумҳуриявӣ ва раисони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он иштирок намудаанд.
Аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои Суғд ҳисобот ироа гардида, дар ҷараёни ҷаласа оид ба камбудиву мушкилиҳои ҷойдошта дар ҳар шаҳру ноҳияҳои вилоят вобаста ба маблағгузорӣ барои харид ва захиранамоии маводи сӯхт, захираи маводи озуқаворӣ ва зиддилағжиш, омодагии иншооти энергетикӣ ва дигар масъалаҳо ибрози назар карда шуд.
Дар ҷамъбасти ҷаласа ба вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд вобаста ба таъмини иҷрои нақшаи захираи маводи зарурӣ ва сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 супоришҳои мушаххас дода шуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ








Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад






