ШОДБОШ МЕГӮЕМ! Имрӯз Қазоқистон Рӯзи истиқлолиятро таҷлил мекунад

Декабрь 16, 2022 08:23

ДУШАНБЕ, 16.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз қазоқистониён яке аз идҳои асосӣ – Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Қазоқистонро тибқи Қонуни ҶҚ «Дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон» таҷлил менамоянд. Соли 1991 маҳз 16 декабр Шӯрои Олӣ Қонун «Дар бораи истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлат»-ро қабул намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба АБИ «Казинформ».

Чун анъана дар Рӯзи истиқлолият дар саросари кишвар чорабиниҳои тантанавӣ баргузор гардида, иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода мешаванд. Президент Қосим-Жомарт Токаев дар арафаи ҷашн дар маросими ботантанаи анъанавӣ як зумра шаҳрвандони мамлакатро бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз мегардонад. Таҷлили Рӯзи истиқлолият на танҳо ба қабули санад оид ба истиқлолият, балки ба хотираи онҳое, ки дар давраҳои гуногуни рушди кишвар барои ҳифзи ҳувияти миллии халқи қазоқ заҳмат кашида, ҷони худро дар мубориза барои истиқлолияти он нисор кардаанд, бахшида мешавад.

«Дар шароити муосир ба роҳ мондани ҳамкории ҳамаҷониба бо давлатҳои ҳамсояи минтақа яке аз вазифаҳои муайянкунандаи ноил шудан ба ҳадафҳои пешбининамудаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ба қатори чунин шарикони стратегии ояндадор, албатта, дар айни замон Ҷумҳурии Қазоқистонро низ шомил кардан зарур аст, ки дар сиёсати байналмилалӣ мавқеи хоссаро ишғол мекунад ва имрӯз дар рушди сиёсиву иқтисодии худ ба комёбиҳои бузург ноил гардидааст», — зикр карданд зимни суҳбат бо АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон 7 январи соли 1993 барқарор шудаанд. Аз ҳамон лаҳза муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ ва ғайра муваффақона инкишоф меёбанд. Ба онҳо мавҷудияти доимии рӯҳияи боварӣ ба ҳамдигар, мувофиқати пурра ё наздикии мавқеъҳо аз рӯи бисьёр масоили муҳими байналмилалӣ ва минтақавие, ки ба манфиати ҳарду ҷонибанд, хос аст.

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Токаев мардуми Қазоқистонро бо 31-умин солгарди истиқлолияти кишвар табрик гуфт. «Истиқлолият- ин сарвати олист, ҳамаи мо вазифадорем, ки онро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем. Ҳимояи соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии кишвар- вазифаи муқаддаси мост», — гуфт ӯ.

Аз фурсат истифода бурда, ҳайати АМИТ «Ховар» дӯстони қазоқистониро бо Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Қазоқистон самимона табрик менамояд!

АКС: АБИ «Казинформ»

 

Декабрь 16, 2022 08:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Женева тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қатар дар соҳаҳои илму маориф баррасӣ шуд
Шараф Шерализода зарурати таҳкими ҳамкориро дар доираи Созмони умумиҷаҳонии савдо таъкид намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 16-уми Конфронси СММ оид ба савдо ва рушд иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Шурои Фонди глобалии ҷалби ҷомеа ва устуворӣ барои Тоҷикистон грант ҷудо намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорати хориҷии Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Давлати Кувайт мулоқот намуд
Тоҷикистон барои рушди устувор ва иқтисоди «сабз» бо Комиссияи иқтисодии СММ ҳамкорӣ менамояд
Тоҷикистон дар таҳкими ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ ва башардӯстона дар доираи ИДМ саҳми назаррас дорад
Аҳмад ибни Муҳаммад Ас-Сайид: «Робитаҳои иқтисодии Тоҷикистону Қатар муҳим арзёбӣ мегарданд»