Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд

Декабрь 2, 2022 09:20

ДУШАНБЕ, 02.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 29 ноябр дар Токио мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода бо муовини Вазири молияи Ҷопон Масато Канда баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Тоҷикистон дар Ҷопон хабар доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо густариши ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ, ҷалби сармояи ҷопонӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳо ба соҳаҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла дар бахшҳои энергетика, манбаъҳои неруи таҷдидпазир, иқтисоди сабз, канданиҳои фоиданок ва коркарди ашёи хомро баррасӣ карданд.

Ҳамчунин 28 ноябр дар Токио Саъдӣ Қодирзода бо Роҳбари Дафтари мусоидат ба рушди сармоягузорӣ ва технологияи Ташкилоти СММ оид ба рушди cаноат (ITPO Tokyo, UNIDO) Ферда Гелеген мулоқот намуд.

Зимни мулоқот доир ба имконияти сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, соҳаҳои афзалиятноки сармоягузории кишвар ва инчунин имтиёзҳо барои сармоягузорон маълумот дода шуд.

АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Ҷопон

Декабрь 2, 2022 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад