Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои иқтисодии ИДМ ширкат варзид
ДУШАНБЕ, 03.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. 2 декабр ҷаласаи 96-уми Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шакли видеоконфронс баргузор гардид, ки дар он Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода иштирок намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар хабар доданд.
Дар доираи ҷаласа масъалаҳои ҳамкорӣ дар самтҳои тиҷоратию иқтисодӣ, энергетика, молия, амнияти иттилоотӣ ва рақамикунонӣ муҳокима гардиданд.
Зикр шуд, ки айни замон зиёда аз 50 фоизи гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ба давлатҳои иштирокчии ИДМ рост меояд.
Дар ҷараёни ҷаласа вобаста ба масъалаҳои лоиҳаҳои Консепсияи рушди ҳамкории саноатии давлатҳои иштирокчии ИДМ ва Маҷмӯи тадбирҳо доир ба рушди равобитии саноатии давлатҳои иштирокчии ИДМ барои давраи то соли 2030, дар бораи иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи марҳилаи якуми (солҳои 2021-2025) Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ барои давраи то соли 2030, лоиҳаҳои Барномаи рушди инфрасохтори миллии ҳастаии давлатҳои иштирокчии ИДМ ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи он, лоиҳаи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории давлатҳои иштирокчии ИДМ дар соҳаи мубориза бар зидди қаллобӣ дар шабакаҳои телекоммуникатсионӣ ва дигар масъалаҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон









Ширкати ҳавопаймоии «Shohin Airlines» ва «Turkish Airlines» Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон бо сифати аъло дар бозорҳои хориҷӣ мавқеи муносиб пайдо кардааст
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Дар Душанбе истифодаи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар соҳаи кишоварзӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе ҷаласаи 10-уми Гурӯҳи кории махсуси СҲШ оид ба мусоидат ба сармоягузорӣ доир гардид
Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар Конибодом ҷамъоварии пахта ва кишти такрорӣ идома дорад
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст






